Ассалом алейкум!
Ин аз он вобаста аст, ки духтар чандсола аст ва хусусияти ихроҷ чӣ гуна аст.
Чанде пас аз таваллуд, модар метавонад ихроҷи (выделения) аз маҳбали духтарашро мушоҳида кунад. Ин падида "бӯҳрони ҳормонӣ" ном дорад ва набояд шуморо ба тарсу ҳарос водор созад. Ин аксуламали бадани кӯдак ба баланд шудани сатҳи ҳормонҳои модарон аст, ки тавассути машима (пласента) ба бадани кӯдак ворид шудаанд.Пас аз таваллуд онҳо ҳамроҳи шири модар ба организм ворид мешаванд.Ин як ҳолати бедард аст, ки табобатро талаб намекунад. Ҳама чиз тадриҷан худ аз худ мегузарад.Дар ин давра, инчунин диққати зарурӣ ба гигиенаи узвҳои ҷинсии духтар муҳим аст.
Дар давраи балоғат, духтарон ихроҷи (выделения) сафедчатоб ва зардтоб доранд. Миқдори он ҳангоми овулятсия ва каме пеш аз ҳайз зиёдтар аст. Ихроҷи сафед барои нигоҳ доштани муҳити муқаррарии маҳбал нақши муҳим мебозад. Афзоиши миқдори ихроҷ ё тағйир ёфтани намуди он метавонад нишонаи илтиҳоб бошад.Дар ин ҳолат, ба Шумо лозим аст, ки ба духтури акушер-гинеколог муроҷиат кунед.Дохили маҳбалро дар ҳолати ихроҷи муқаррарии сафед шустан лозим нест. Риояи гигиенаи ҳаррӯзаи шахсӣ кофист.Барои маълумоти иловагӣ, бевосита ба табиби гинеколог муроҷиат кунед
Бо эҳтиром,
Вероника Мелникова.