Оиди бемориҳои занона
Каримова М
19.03.2021
Ассалому алейкум. Илтимос ба саволи ман ҷавоб диҳед. Ман 12 ҳафтаина ҳомиладор будам. Кӯдак афзоиш накард, духтурон гирифтанаш. Дору доданд, кдак афтид. Пас аз аз беморхона ҷавоб шудан дарди хеле зиёд дорам. Барои чӣ инқадар дард дорам? Дуюмбор мешавад, ки кӯдак меафтонам. Бори аввал дард надоштам.ҳоло бошад бисёр дард дорам. Илтимос ҷавоб медодед.
Ассалому алайкум.
Таъсири паҳнгаштаи аборти тиббӣ доругӣ - дард (бо кашишхӯрии спастикии бачадон) ва хунравӣ аз маҳбал мебошанд. Ин аломатҳо интизоранд ва бо худи раванди қатъ кардани ҳомиладорӣ алоқаманданд.
Ҳангоми саршавии хунравии шадид ё баланшавии таби бадан, шумо бояд ба духтури занона (акушер-гинеколог) муроҷиат кунед.
Бо эҳтиром,
Вероника Мелникова
Бозгашт ба саҳифаи саволҳо