Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Ассалому алейкум, мехостам бо чанд савол ба шумо муроҷиат кунам.: 1.Оё дар шаби аввали ҳамхобагӣ бо духтар аз ӯ хуни бисёр меояд? Дар ин ҳолат чӣ бояд кард? 2.Агар мард дар муддати 1 дақиқа ё 30 сония спермаашро резонад, оё ин нишонаи ягон беморӣ аст? 3.Оё спермаи мард сахт (ғафс) бошад беҳатар аст ё мисли об бошад хуб ҳаст? Қаблан ташаккури зиёд.

Салом алейкум!


1. Хунравӣ дар шаби аввал
метавонад, ки камбошад ва метавонад, ки зиёдтар бошад. Ин аз хусусиятҳои ҷисмонии инфиродии ҳар як зан вобаста аст. Баъзан дар шаби аввал умуман хун намеояд. Агар хунравии шадид сар шавад, фавран ба духтур муроҷиат намудан лозим аст!
2.
Барои ҳал кардани ин мушкилот ба духтури уролог ва андролог муроҷиат кардан лозим аст.
3. Сперма - моеъи биологӣ
аст, ки аз сперматозоидхо ва манӣ иборат аст. Ин як моеи луобмонанди часпак, гетерогенӣ ва ношаффоф бо бӯи хоси шоҳбулаи хом аст. Агар нутфа (сперма) то 2 сантиметр дароз карда шуда бошад, пас ин мутобиқати комилан муқаррарии онро нишон медиҳад. Агар нутфа (сперма) хеле ғафс ва ё баръакс, хеле моеъ бошад, пас барои хомиладор шудан мушкилот ба вуҷуд меояд. Агар чизе шуморо ба ташвиш орад, ҳатман аз ташхиси манӣ (спермограмма) гузаред.

Бо эҳтиром,

Вероника Мельникова.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.