Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Салом!Бемории занонаи внематочная беремменность чи гуна беморист оё ин бемори ба саломати тифли дар батн буда тасири манфи дорад ё не?

Салом!

Ҳомилагии ғайрибатни (внематочная беременность) ин нодуруст ҷойгиршавии тухми бордоршуда ва баъдан инкишофёбии он берун аз бачадон мебошад. Дар марҳилаҳои аввал ҳомилагии ғайрибатни бо нишонаҳое ба ӯ мувофиқ аст ягон хел айён намешаванд, танҳо бо набудани ҳайз, ки дар ҳомилагии одди ҳам чунин аст. Дар 1-2 ҳафтаи ҳомилаги аломатҳои ҳомилагии ғайрибатни маълум нестанд. Лекиндар 3-4 ҳафтаи ҳомилаги якумин аломатҳои ҳомилагии ғайрибатни метавонанд пайдо шаванд, ба ғайр аз аломатҳои физиологӣ (қатъ гаштани ҳайз, дилбеҳузурӣ, баландшавии ҳиссиёти ғадуди шири, баландшавии ҳарорати базалӣ):

•         дардҳои тунд ё дарди шадид дар поёнишикам (метавонад аз рост ё аз чап бошад) бо ҷараёни гуногун шуда метавонад.

•         дард ба қамар ё ба рӯдаи рост дода метавонад.

•         хориҷоти хунин аз маҳбал, ба хориҷоти давраи ҳайз монанд нест.

•         калоншавии ва дардманди дар ғадуди ширӣ

•         дард ҳангоми алоқаи ҷинси.

Ҳангоми пайдо шудани аломатҳои аввалин бояд ба статсионар муроҷиат кард, чунки дар муҳлати 4-20 ҳафтаина, ҳомилагии ғайрибатнӣ ба кафидани найчаи бачадон ё дигар узве ки дар он тухми бордоршуда часпидааст меорад, ин ба хунравии зиёди даруни оварда мерасонад.

Бо эҳтиром,

Вероника Мельникова.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.