Салом!
Камхунӣ (Анемия) – синдроми клинико-гематологӣ мебошад, ки бо камшавии консентратсияи гемоглобин дар хун ва камшавии миқдори эритроситҳо муайян мешавад.
Ба аломатҳои асосии камхунӣ доҳил мешавнд: беҳолӣ, сустшавии ҳолатноки, баландшавии бемадорӣ, нороҳати, хоболудшавӣ бе сабаб; дарди сар, садо дар гӯшҳо, сарчархзани; кӯтоҳшавии нафаскашӣ бо таҷрибаи ками ҷисмонӣ ё дар ҳолати оромӣ; вайроншавии трофикаи мӯйҳо, пӯст, ноҳунҳо; дард дар мавқеи дил, бо монанди стенокардия, аз хушрави, сусти дар мушакҳо.
Индекси ранга (Цветной показатель (ЦП)) дараҷаи сершавии эритроситҳоро бо гемоглобин нишон медиҳад. Дар эътидол он ба 0,86-1.1 баробар аст. Вобаста ба ин камхуниҳои зеринро фарқ мекунанд:
Hypochromic – (Гипохромные анемии) ЦП <0.86 (аз рӯи баъзе манбаъҳои поёнтар аз 0,8):
• Камхунии норасоии оҳан (железодефицитная)
• Талассемия
Normochrome – (Нормохромные анемии) ЦП= 0.86-1.1:
• Камхунии гемолитикӣ (гемолитическая)
• Камхунии постгеморагӣ (постгеморрагическая)
• Камхунии неопластикӣ (неопластическая)
• Камхунии апластикӣ (апластическая)
• Камхуни аз сабаби камшавии истеҳсоли эритропоэтин
Hyperchromic – (Гиперхромные анемии) ЦП> 1.1:
• Камхунӣ норасоии витамини B12
• Камхунии норасоии фоликӣ
• Синдроми миелодиспластикӣ
Тактикаи муолиҷавӣ вобаста ба навъи камхунӣ ва сабабҳое, ки боиси он гардидааст, муайян карда мешавад.
Бо эҳтиром,
Вероника Мельникова.