Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди бемориҳои занона

Салом! Бемории аденакарцинома матки чигуна беморист оё ин бемори занро ба безурёти мерасонад ё не, табобатшаванда аст ё не?

Салом!

Аденокарсиномаи бачадон (саратони эндометрий) – омоси бадсифат, аз ҳуҷайраҳои оҳанини эндометрий пайдо мешавад. Намуди бисёр вохурандаи саратони бачадон буда аз лейомиосаркома бештар дида мешавад.

Салом!

Аденокарсиномаи бачадон омоси гормонвобаста мебошад. Ҳолати бофтаҳои оҳанини эндометрияи бачадон тағиротҳои давраги дорад аз ҳисоби гормонҳои ҷинси стероиди. Зиёдшавии эстрогенҳо пролифератсияи ҳуҷайраҳои эндометрияро зиёд карда, хавфи пайдошавии саратонро зиёд мекунад. Омилҳои хатари пайдошавии аденокарсиномаи бачадон аз тағиротҳои гормонҳо вобастаги дорад, барвақт саршавии ҳайз, дер ба вуҷуд омадани климакс, синдроми поликистози тухмдонҳо, гормони зиёдкунии саратони тухмдонҳо, зиёдвазни ва зиёд истеъмол кардани маводҳои доругии эстрогендошта.

Оқибаташ вобаста аст аз давраи саратон, сину сол ва ҳолати умумии бемор. Дар давраи I ва II саратон умри панҷ сола 98-70% ташкил медихад, давраи III-60-10%, IV давраи саратон -5%. Дар 75% ҳолати рецидиви дар 3 соли аввали баъди хатми терапия дида мешавад.

Бо эҳтиром,

Вероника Мельникова.


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.