Салом!
Аденокарсиномаи бачадон (саратони эндометрий) – омоси бадсифат, аз ҳуҷайраҳои оҳанини эндометрий пайдо мешавад. Намуди бисёр вохурандаи саратони бачадон буда аз лейомиосаркома бештар дида мешавад.
Аденокарсиномаи бачадон омоси гормонвобаста мебошад. Ҳолати бофтаҳои оҳанини эндометрияи бачадон тағиротҳои давраги дорад аз ҳисоби гормонҳои ҷинси стероиди. Зиёдшавии эстрогенҳо пролифератсияи ҳуҷайраҳои эндометрияро зиёд карда, хавфи пайдошавии саратонро зиёд мекунад. Омилҳои хатари пайдошавии аденокарсиномаи бачадон аз тағиротҳои гормонҳо вобастаги дорад, барвақт саршавии ҳайз, дер ба вуҷуд омадани климакс, синдроми поликистози тухмдонҳо, гормони зиёдкунии саратони тухмдонҳо, зиёдвазни ва зиёд истеъмол кардани маводҳои доругии эстрогендошта.
Оқибаташ вобаста аст аз давраи саратон, сину сол ва ҳолати умумии бемор. Дар давраи I ва II саратон умри панҷ сола 98ғ70% ташкил медихад, давраи III-60-10%, IV давраи саратон -5%. Дар 75% ҳолати рецидиви дар 3 соли аввали баъди хатми терапия дида мешавад.
Бо эҳтиром,
Вероника Мельникова.