Салом!
Эрозия – заҳми гарданаки бачадон, ҷудошавии ҳуҷайрахои қабати болоии қисми маҳбалии гарданаки бачадон мебошад. Яке аз бемориҳои бештари узвҳои занона аст. Захми гарданаки бачадон 2 намуд мешавад: псевдоэрозия ва эрозияи ҳақиқи. Якумин дар занҳои синну соли ҷавон бештар вомехурад, аз сабаби зиёд будани гормонҳои эстрогени, ки боиси берун баромадани ҳуҷайраҳои силиндрики аз канали сервикали мегардад. Дуюмин бошад ин захм ба мисли доғу дар қабати луобии гулобиранг мебошад.
Имруз якчанд усулҳои табобатии гарданаки бачадонро фарқ мекунанд: табобати махсус бо шамъчаҳо, электрохирургия, криодеструксия, коагулятсияи химияви, радиохирургия, деструксия бо лазер. Ҳар яке аз инҳо тарафҳои мусби ва манфии худро дорад.
Бо мақсади пешгирии захми гарданаки бачадон тавсия медиҳам: контросепсияи оқилона, барои пешгири намудани ҳомиладории номатлуб ва исқоти ҳамли индуксияшуда ҳамчунин фаромуш накунед, ки хангоми ҳузурдоштани алоrаи ҷинси бо якчанд шарик рифола истифода бурдан лозим аст. Муоинаи доими дар назди духтури занона барои пешгири кардан ва дарҳол муайян намудани бемориҳои гарданаки бачадон ёри расонда, барои табобати бо сифат шароит мусоидат менамояд.
Бо эҳтиром,
Вероника Мельникова.