Салом!
Оташак (Сифилис) ба бемориҳои классикие мансуб мебошад, ки бо роҳи алоқаи ҷинсӣ (бемориҳои узвҳои таносул) мегузаранд. Барангезанда–трепонемаи хиратоб (Treponema pallidum). Оташак бо хусусияти ҷараёни камҳаракат инкишоф меёбад. Дар давраҳои дерин вай метавонад боиси осебёбии вазнини системаи асаб ва узвҳоидохила гардад.
Дар аксарияти ҳолатҳо сироятшавӣ бо оташак ҳангоми алоқаҳои ҷинсӣ дар маҳбал, даҳон ва ё рост рӯда ба вуҷуд меояд. Бештар беморони гирифтори оташаки ибтидоӣ (бо захмҳо дар узвҳои таносул, дар даҳон ва ё рост рӯда) сирояткунанда мебошанд. Ғайр аз ин, гузаштани сироят ҳангоми ҳомиладорӣ аз модари гирифтори беморӣ ба ҷанин мумкин аст, инчун ин эҳтимоли сироятшавӣ ҳангоми хунгузаронӣ.
Сироятшавии маишӣ хеле кам ба назар мерасад. Аксарияти ҳолатҳоеро, ки бо сироятшавии маишӣ алоқаманд мекунанд, дар воқеъ ҳолатҳои исботнашудаи сироятшавии ҷинсӣ мебошанд. Ин ҳолат бо он асос ёфтааст, ки трепонемаи хиратоб (Treponema pallidum) берун аз организми инсон зуд нобуд мешавад.
Эҳтимоли сироятшавӣ ҳангоми алоқаи яккарата бо шахси гирифтори оташак 30% - ро ташкил медиҳад. Давраи ноаёни оташак одатан 3-4 ҳафтаро (аз 2 то 6 ҳафта) дар бар мегирад.
Бо эҳтиром,
Вероника Мельникова.