Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Таърихи таъсис

Маълумоти мухтасар дар бораи Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф»

«Афиф» ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ мебошад, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда,дарпойтахтиТоҷикистонДафтаримарказӣва дарвилоятиХатлонНамояндагӣдорад. Таърихи «Афиф» аз соли 2003 ҳамчун намояндагии созмони башардӯстонаи Ҳолландии AIDS Foundation East-West (AFEW) оғоз шуда, то имрӯз дигаргуниҳоватағйирёбии Оинномаро аз сар гузаронидааст ва самтҳои фаъолияти худро васеъ кардааст. Соли 2013 дар заминаи Намояндагии созмони башардӯстонаи Ҳоландии AIDS Foundation East-West Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии “СПИД фонд Шарқу ғарб -Тоҷикистон” («AFEW-Тоҷикистон») таъсис дода мешавад. Соли 2019 Ассамблеяи генералии муассисони «AFEW-Тоҷикистон» бо назардошти хоҳиши Ташкилотбарои васеъ намудани доира ва самтҳои фаъолият тасмим гирифт, ки Оинномаро тағйир дода, номи Ташкилотро ба Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф»(ТҶҶ“Афиф”) иваз намояд. Ҳамин тариқ, ташкилот минбаъд метавонист, ки на танҳо дар соҳаи пешгирии бемориҳои сироятӣ, балки дар дигар самтҳои башардӯстона, аз қабили ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатии депортатсияшуда, занон, шахсони имконияти дорои имконияти маҳдуди ҷисмонӣ, беҳдошти об, баланд бардоштани огоҳии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, беҳтар намудани дастрасии маҳкумшудагон ба ташхиси саривақтӣ ва ёрии тиббӣ ва ғайра лоиҳаҳоро амалӣ созад.

“Афиф” мувофиқи ваколат ва Оинномаи худ ҳуқуқ дорад, ки дар тамоми минтақаҳои кишвар лоиҳаҳоро иҷро намояд.

Доираи фаъолиятҳои Ташкилот бо таҷриба ва таҷрибаи андӯхташудааш гуногун буда, аз баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ то беҳтарсозии дастрасӣ ба хидматрасонии тиббӣ барои аҳолии осебпазиртарини Тоҷикистон, баланд бардоштани иқтидори шарикон, институтсионикунонии усулҳо ва равишҳову таҷрибаҳои беҳтаринро дар бар мегирад.

Ташкилот барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ тавассути иштирок дар татбиқи стратегияҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани сифати зиндагӣ, саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, амнияти экологӣ, роҳандозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои шабакавӣ ва бисёрсоҳавӣ, тарғиби барномаҳо баҳри суботи иқтисодӣ, таҳкими иқтидори ташкилотҳои шарикӣ, огоҳсозӣ ва баланд бардоштани маърифати аҳолӣ, таъмини ҳуқуқҳои шахсони гирифтори ВНМО, сил, гепатити вирусӣ, нафарони зери тамға ва табъизи иҷтимоӣ қарордошта, васеъ намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ кӯшиш менамояд.

Ҳар се сол Ташкилот нақшаи стратегии сесоларо таҳия мекунад, ки дар он ҳадафҳо ва нақшаи кор барои се соли оянда пешбинӣ мешаванд. Айни замон ТҶҶ “Афиф”дар асоси нақшаи чоруми стратегӣ фаъолият дорад.

«Афиф» аз оғози таъсисёбӣ дар ҳамкорӣ бо созмонҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ дар соҳаҳои зикршуда зиёда аз 60 лоиҳаро ба маблағи умумии 15 755 883 доллари ИМА амалӣ кардааст.

Таҷрибаи бадастомадаи “Афиф” дар татбиқи лоиҳаҳо аз ҷониби мақомоти дахлдор ва шарикон эътироф шуда, имрӯз ТҶҶ«Афиф» бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонёддошти тафоҳум ва созишнома имзо кардааст.Баҳрагирандагони лоиҳаҳои ташкилот дар тарҳрезиву таҳияи барномаҳо ва баҳодиҳиву арзёбии он иштирок мекунанд.

Ташкилот барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ ва кӯмак ба баҳрагирандагон технологияҳои муосирро истифода мебарад. Масалан, дар сомонаирасмии www.afif.tj хидмати ройгони мушовири бархат дастрас аст. Ҳама корбарони сомона, аз ҷумлагурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, метавонанд, ки бо саволҳои худ ба мушовирони бархат оидба ВНМО/БПНМ, сил, гепатитҳои вирусӣ, бемориҳои занона, САҶИва бемориҳои пӯст, равоншиносӣва масъалаҳои ҳуқуқӣ муроҷиат намоянд ва ҷавоб гиранд.

  • ШАХОДАТНОМА дар бораи аз нав бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.