Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Лоихаи «Кохиши норасои дар сохаи саломати ва хукук барои гуруххои осебпазири ахоли»

КОҲИШИ НОРАСОӢ: Дастрасии  гурӯҳҳои осебпазири  аҳолӣ  нисбати  пешгирии сирояти ВНМО.

ТҶҶ  " СПИД Фонд Шарқу Ғарб  – Тоҷикистон "  лоиҳаро доир ба пешгирии сирояти ВНМО дар байни  гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ дар Тоҷикистон  «Кохиши норасои дар сохаи саломати ва хукук барои гуруххои осебпазири  ахоли»  татбиқ менамояд.

Лоиҳа  қисми барномаи байналмиллали  мебошад,  ки  аз ҷониби  иттиҳоди панҷ ташкилот дар шонздаҳ кишвари Аврупои  Шарқӣ, Осиёи Марказӣ ва Ҷанубу Шарқӣ, Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ гузаронида мешавад.  

ТҶҶ   " СПИД Фонд Шарқу Ғарб  – Тоҷикистон " дар алоқаи зич бо муассисҳои давлатӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ доир ба баланд бардоштани сатҳи  дастрасии  нашъамандон ба хизматрасонӣ вобаста ба пешгирӣ кардани ВНМО, табобат, нигоҳубин  ва  дастгирӣ чорабиниҳо амалӣ месозад. 

Беназирии лоиҳа дар он аст,  ки ҷиҳати паст кардани сатҳи  маҳдудкунӣ  ва тамғазанї  нисбати нашъмандон дар ҷамъият кӯшиш ба харҷ дода мешавад  ва ба ҳамин тариқ барои ҳарчӣ бештар фарогирии онҳо бо барномаҳои пешгирикунанда шароит фароҳам оварда мешавад. 

Аз ҷониби лоиҳа доир ба усулҳои замонавии пешгирӣ кардани сирояти ВНМО тренингҳо баргузор гардида,  бинобар рушди шарикӣ дар байни ташкилотҳо-таъминкунандагони хизматрасонии тиббӣ ва иҷтимоӣ мусоидат карда мешавад. Чорабиниҳои оммавии ахборотӣ бо нашри маводи чопӣ, эҷоди маводҳои наворӣ, гузаронидани  намоишгоҳҳои  аксбардорӣ ва ҳоказо ташкил карда мешаванд. 

Дар доираи лоиҳа инчунин  порталҳои Тиббии иттилоотї бо 12 нуқтаҳои Иттилоотӣ ва гурӯҳи коршиносони миллӣ ташкил дода шудаанд, ки ба мутахассисони маҳаллии дар соҳаи пешгирӣ кардани  бемориҳои  дорои аҳамияти  иҷтимоӣ  кор мебаранд, ёрии машваратӣ мерасонанд.

Лоиҳа аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Нидерланд сармоягузорӣ гардида, барои  чору ним сол  пешбинӣ карда шудааст:  аз 01 сентябри соли 2011 то 31 декабри  соли 2015.

Шахси тамос:

Икром Ибрагимов

 

 

 

 

 

 

 

 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.