Варақаи боздиди ТҶҶ " СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон " барномаи кўмаки иҷтимоии гурӯҳҳои асосии аҳолӣ мебошад, ки самаранокии худро исбот кардааст. Кўмаки иҷтимоӣ (Client Management) – ин технологияест, ки ба инсони дар ҳолати душвори ҳаёт қарордошта ҷиҳати ҳалли (ё худ пешгирӣ) масъалаҳои тиббӣ, иҷтимоӣ, рўҳӣ ва ҳуқуқӣ мадад мерасонад. Кўмаки иҷтимоӣ ҳам дар пешбурди беморони гуногун, шахсони имконияташон маҳдуд ва ҳам шахсоне, ки ҷиноят содир намуда, дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрум қарор доранд, метавонад истифода бурда шавад.