Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Табобат

ARVTtjТо ҳол доруворие коркард нашудааст, ки ВНМО-ро аз организм бартараф кунад. Аммо усули замонавии табобати сирояти ВНМО, (хамчунин табобати фаъоли зиддиретровируси (ТЗР)) инкишофи ВНМО-ро суст ва дар воқеъ боздошта, ҷиҳати гузариши он ба давраи БПНМ монеъмешавад, ки ин ба шахси гирифтори ВНМО имконияти ҳаёти мукаммал медиҳад. Дар раванди табобат ва ба шарте, агар самаранокии доруворӣ нигоҳ дошта шавад, давмонокии ҳаёти инсон на бо сабаби гирифторӣ ба ВНМО, балки танҳо дар натиҷаи рвандҳои табии куҳансолӣ маҳдуд мегардад. 

Айни замон пайдоиши хелҳои нави доруворӣ асосан баҳри камшавии таъсири дуюмдараҷа аз қабули муолиҷа равона карда шудаанд, зеро давомнокии ҳаёти шахсони гирифтори ВНМО, ки дар табобат қарор гирифтаанд, дар воқеъ бо давомнокии ҳаёти аҳолие, ки гирифтори ВНМО нестанд баробар шудааст. Дар давраи инкишофи нисбатан дери ТЗР (солҳои 2000 – 2005) давомнокии ҳаёти беморони гирифтори ВНМО, ба гайр аз беморони ҳепатити С, ба 38,9 сол (37,8 — барои мардон ва 40,1 — барои занон) мерасад.

Аҳамияти мухим баҳри дастгирии вазъи саломатии гирифторони ВНМО ба воситаҳои ғайридоруворӣ (хӯроки дуруст, хоби солим, худдорӣ кардан аз вазъияти бошиддат (стресс) ва хузури дуру дароз зери шуохои офтоб, тарзи ҳаёти солим) дода мешавад, инчунин пайваста санҷидани (соле 2-4 маротиба) вазъи саломатӣ дар назди пизишкони мутахассис оид ба ВНМО. 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.