Дар инсон ин сироят одатан аз ҷониби бактерияе пайдо мешавад, ки «хламидия трахоматис» ном гирифтааст. Хламидияҳо дар муҳити берун бениҳоят ноустувор мебошанд.
Дар организми инсон хламидияҳо танҳо дар пардаҳои луобӣ ҷойгир шуда метавонанд, ки тавассути онҳо сироят бе ҳеҷ як душворӣ паҳн мешавад. Нишондиҳандаҳо дар бораи имконияти воридшавӣ ба хун, сафро ва дигар моддаҳои организм мавҷуд нест, сирояти хламидиӣ махсусан ба системаи олоти таносул ва масона осеб мерасонад, гарчанд эҳтимол авҷ гирифтани илтиҳоби пардаи луобии чашмон, роҳҳои нафас, пайвандҳо пайдо шавад. Ҳам мардон ва ҳам занон зуд-зуд ба бемории хламидиоз гирифтор мешаванд.
Давраи ниҳонӣ аз 5 то 30-рӯзро дар бар мегирад. Ҷудогона ин сироят ниҳоят кам дар кам дида мешавад, аксар вақт вай бо дигар САЧИ якҷоя ҷараён мегирад, дар навбати аввал бо трихомоноз.
Одатан сирояти хламидиӣ бидуни аломатҳои зоҳирӣ ҷараён мегирад. Дар мардон ин беморӣ дар 1/3 ҳолатҳо боиси осебёбии нерӯмандии ҷинсӣ (сустшавии эрексия, оргазм, пеш аз мӯҳлат хориҷшавии нутфа), безурриётӣ мегардад, ки чӣ дар натиҷаи илтиҳоби узвҳои дохилии таносул ва чӣ вайроншавии ҷараёни ташаккулёбии ҳуҷайраҳои манӣ ба вуҷуд меояд. Илтиҳоби ғадуди олоти таносули мард ва хояҳо дар 46% беморон мушоҳида карда мешавад.
Дар занон ҳангоми амали алоқаи ҷинсӣ хламидияҳо ба нутфа (сперматозоид) часпида, метавонанд на танҳо ба нойҳои бачадон рафта расида қабзияти онҳоро ба миён оранд, балки ковокии шикамро низ фаро мегиранд, ки ин ҳолат боиси сарзании бемориҳои узвҳои дохилӣ: ҷигар, испурч, пардаи шикам ва хуруҷи раванди илтиҳобӣ мегардад. Аксар вақт хламидиоз сабаби ҳомиладории патологӣ ва таваллуд мегардад.
Хламидиоз дар чашмҳои калонсолон одатан ҳангоми гузариши сироят аз узвҳои таносул ва масона сарзада, бисёр вақт аломати нахустини беморӣ дар шахс ва ё шарики алоқаи ҷинсии вай мебошад.
Аломатҳои хламидиоз: ҳиссиёти нофорам, кам дар кам хориш, дард дар роҳи пешоб ва ё маҳбал, тарашшӯҳи на он қадар зиёд аз узвҳои таносул, ки ба ширеш монандӣ дорад ва эҳтимол зиёдшавии пешобронӣ. Ҳамаи ин зуҳурот одатан кӯтоҳмуддат буда, лекин метавонанд такрор ёбанд.