Дар натиҷаи вируси ҳерпеси оддӣ хуруҷ мегирад, ки ҳам дар узвҳои таносул ва ҳам дар лабҳо пайдо мешавад. Ин вирус ниҳоят сироятпазир аст. Сироятшавӣ дар ҳаёт як маротиба ба амал меояд. Пас аз ин вирус якумрӣ дар организми инсон ҷойгир мешавад, ҳатто пас аз табобати он ҳам.
Давраи ноаёнӣ (ниҳонӣ) – 3-7 рӯз.
Пас аз ин дар атрофи узвҳои таносул сурхӣ, инчунин ҳиссиёти сӯзиш ва хориш пайдо мешавад, хусусан ҳангоми пешобронӣ, ғусл кардан ва роҳгардӣ. Сипас ҳубобчаҳои хурд пайдо шуда, зуд мекафанд ва дар ҷои онҳо захмчаҳои дарднок ба вуҷуд меоянд. Дар ин ҳолат аҳволи бемор то як андоза бад мешавад (беҳолӣ, дарди сар, ҳарорати баланд). Варами ғадудҳои сафроӣ ба назар мерасад.
Ҳубобчаҳо, ҳиссиёти нофорам дар муддати 1-2 ҳафта мегузаранд, лекин азбаски вирус дар организм боқӣ мемонад, беморӣ дар ҳолати сустшавии ҷиддии қувваҳои муҳофизати организм метавонад такроран хуруҷ гирад. Табобати ҳерпеси таносулӣ баҳри камшавии дард ва пешгирӣ кардани такрорёбӣ равона карда мешавад.
Аворизи эҳтимолӣ:
дар занон ҳерпеси узвҳои таносул бисёр вақт боиси исқоти беихтиёронаи ҳамл, таваллуди бармаҳал, сироятгирии ҷанин ва баъзан аномалияҳои модарзодии (ғайримуқаррарӣ) инкишофи кӯдак мегардад;
аворизи беморӣ метавонад ба осеби ҳерпесии системаи марказии асаб оварда расонад;
осеби пардаи луобии чашмҳо метавонад боиси аз даст додани қувваи босира гардад (нобиноӣ);
алоқа байни бемории ҳерпес ва саратони (омос) узвҳои таносул муайян карда шудааст.