Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Маълумоти умумӣ

Маълумот  дар  бораи САЧИ  (Сироятхои тавассути алокаи чинси интиколёбанда)

Истилоҳи «Сироятхои тавассути алокаи чинси интиколёбанда» (САЧИ, ва ё STI — Sexual Transmitted Infections)  аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли  1982 пешниҳод карда шуд. САЧИ аз ҷумлаи бемориҳои нисбатан  муҳими иҷтимоӣ мебошад. Ҳоло гурӯҳи  САЧИ зиёда аз 20 шаклҳои нозологиро дар бар мегиранд, ки дар байни онҳо бемориҳои классикии олоти таносул ҷой доранд: оташак (сифилис), сузок (гонорея), захми марази фарангӣ (шанкроид), лимфогранулемаи олоти таносул, гранулемаи қадкашак; як қатор сироятҳои вирусӣ: сироятҳои ВНМО, табхоли узвҳои таносул, сирояти ситомегаловирусӣ, сирояти папиллома (кондиломатоз); гурӯҳи калони сироятҳои узвҳои пешоб ва таносул: хламидиоз, трихомониаз, микоплазмоз, граднереллез; трепонематози (фрамбезия, пинта, беджел) тропикӣ; паразитозҳо: хориш, педикулези зери  ноф (шабушкзеркунӣ), дигар бемориҳои зиёд, ба мисли  амебиаз, шигеллез, лямблиоз  ва ҳоказо.

ippp russ 1

 Хусусиятҳои   САЧИ:

  • роҳи асосии гузариш – ҷинсӣ;
  • асосан  ба узвҳои  ҷинсӣ осеб мерасонанд;
  • худмуолиҷакунии САЧИ ғайриимкон  аст,  вактсина вуҷуд надорад;
  • масуният (муқобилият)  пас аз муолиҷаи  САЧИ мавҷуд нест;
  • инсон зуд-зуд аз якчанд  САЧИ сироят  мегирад;
  • аксарияти  САЧИ  хеле хуб  табобат карда мешаванд;
  • баъзе аз САЧИ метавонанд ниҳонӣ гузаронида шаванд, хусусан дар занон,  дар натиҷа ташхиси  САЧИ пас аз инкишофёбии аворизи бемории асосӣ гузошта мешавад;
  • табобати бармаҳал ҷиҳати пешгирӣ кардани инкишофи авориз  зарур аст;
  • яке аз усулҳои боэътимоди пешгирӣ кардани САЧИ парҳезкорӣ ва истифодабарии дурусти олати муҳофиза аз ҳамл (рифола, презерватив) мебошад.

Аломатҳои  САЧИ

Агар Шумо яке аз аломатҳои огоҳкунандаи зеринро мушоҳида кунед, дарҳол ба дерматовенеролог (табиби пӯсту олоти таносул) муроҷиат кунед. Дар хотир дошта бошед, ки  ҳар қадар барвақт аломатҳои бемориро зоҳир намуда, ба муолиҷа шурӯъ кунед, ҳамон қадар зудтар табиб метавонад Шуморо муолиҷа намояд. Ҳамин тариқ, ҳангоми  бо шахси бегона дар алоқаи ҷинсӣ  қарор гирифтани  Шумо, ба чӣ бояд таваҷҷӯҳ кард:

Ба занон:

  • тарашшӯҳи  ғайримуқаррарӣ  ва ё  бӯи нохуш аз  узвҳои таносул (маҳбал);
  • эҳсоси  дард  дар зери  шикам;
  • эҳсоси  сӯзиш  ва ё хориш  дар атрофи  маҳбал;
  • тарашшӯҳи хуноба аз маҳбал  дар фосилаи байни ҳайс;
  • ҳиссиёти  дард  дар қаъри  маҳбал ҳангоми алоқаи ҷинсӣ.

 Ба мардҳо:

  • тарашшӯҳ аз  роҳи  пешоб.

Ҳам ба занон ва ҳам ба мардон:

  • захмчаҳо, ҳубобчаҳо, харошидаҳо, «рихинак»  дар узвҳои ҷинсӣ, атрофи  мақъад, дар лабон,  дар даҳон;
  • дарднокӣ  ва ё сӯзиш ҳангоми  пешобронӣ ва ё қазои ҳоҷат;
  • пешобравии  паси ҳам;
  • хориш  дар  мавзеи узвҳои ҷинсӣ  ва ё атрофи  онҳо;
  • сурхшавӣ ва ҳиссиёти хориш дар гулӯ;
  • беҳолие, ки  ба шамолхӯрӣ  монанд буда, баландшавии ҳарорати бадан, табларза  ва ё вараҷа  дида мешавад;
  • варами  ғадудҳои сафроӣ,  хусусан дар  мавзеи  қадкашак;
  • пайдоиши  доначаҳо дар пӯсти бадан ва  дасту пой.

Бояд дар хотир дошт,  ки пас аз алоқаи ҷинсӣ метавонад ҳеҷ як аломат пайдо нашавад. Аксарияти занону мардон,  ки бо хламидияҳо сироят гардидаанд, инчунин 9- то аз 10 нафар занони бо сӯзок сироятшуда,  умуман ҳеҷ як тағйиротро ҳисс намекунанд, зеро чунин тағйирот умуман дида намешавад   ва ё дар ҷое  ба вуҷуд меояд,   ки мушоҳида кардан ва ё ҳис кардани он ғайримкон аст.  Агар яке аз чунин аломатҳои номбурда ба назари Шумо расида бошад, фавран ба мутахассис оид ба сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда – дерматовенеролог муроҷиат намоед. Дар ҳолати хатари сироятшавӣ низ, ҳатто агар аломатҳои беморӣ вуҷуд надошта бошанд ҳам,  бояд чунин амал кард. Табибон Шуморо муоина карда, дар ҳолати мавҷудияти зарурат табобат таъин мекунанд. Дар ҳеҷ кадом ҳолат ба худмуолиҷа  машғул нашавед, аз маслиҳати дӯстон  истифода набаред.  

Аксарияти САЧИ  дорои аломатҳои хеле монанд мебошанд. Аломатҳои як сироят кафолат намедиҳад,  ки Шумо ба якчанд сироятҳое гирифтор шудаед,  ки онҳо умуман бо маҷмӯи дорувории гуногун  табобат карда мешаванд. Дар  ҳолате ки агар Шумо бо истифодаи танҳо як доруворӣ табобатро бар зидди як сироят анҷом диҳед,  Шумо метавонед аз табобати  сирояти дигар барканор бошед!  Бинобарин, бо гумони он ки Шумо саломат ҳастед, дар воқеъ бошад Шумо паҳнкунандаи сироят боқӣ мемонед, ки  баъд аз чанд вақт метавонад дар Шумо  ва ё шарики ҷинсии Шумо зоҳир гардад.  Шумо ба шарики ҷинсии худ низ ҷиҳати муоинаи тиббиро  бояд тавсия диҳед. Ин амал боиси эътимод мегардад,  ки Шумо ӯро сироят накардаед  ва аз тарафи дигар ҷиҳати пешгирӣ кардани сирояти дуюмкарати  Шумо кӯмак мерасонад.  

Аксарияти САЧИ табобатпазир мебошанд. Сироятҳои  бактериалӣ, ба мисли сУзок (гонорея), хламидиоз, оташак (сифилис) бо ёрии антибиотикҳо муолиҷа мешаванд. Таҳти  таъсири сабабҳои гуногун  метавонад чунин бошад,  ки муолиҷа ба 3% мардон ва 8% занон  ҳеҷ як самарае намебахшад, аммо муолиҷаи такрорӣ  одатан  натиҷаи дилхоҳ медиҳад.  Ҳангоми САЧИ, ки бо вирусҳои  ҳерпес ба вуҷуд меоянд, воситаҳои истифодашаванда аксар вақт ҷараёни бемориро  сабук мегардонанд ва боиси камшавии такрорёбии он мегарданд. Мутаасифона,  САЧИ-ҳое ҳастанд,  ки то ба имрӯз табобатнопазиранд, ба мисли ВНМО/БПНМ.

 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.