Маълумот дар бораи САЧИ (Сироятхои тавассути алокаи чинси интиколёбанда)
Истилоҳи «Сироятхои тавассути алокаи чинси интиколёбанда» (САЧИ, ва ё STI — Sexual Transmitted Infections) аз ҷониби Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ дар соли 1982 пешниҳод карда шуд. САЧИ аз ҷумлаи бемориҳои нисбатан муҳими иҷтимоӣ мебошад. Ҳоло гурӯҳи САЧИ зиёда аз 20 шаклҳои нозологиро дар бар мегиранд, ки дар байни онҳо бемориҳои классикии олоти таносул ҷой доранд: оташак (сифилис), сузок (гонорея), захми марази фарангӣ (шанкроид), лимфогранулемаи олоти таносул, гранулемаи қадкашак; як қатор сироятҳои вирусӣ: сироятҳои ВНМО, табхоли узвҳои таносул, сирояти ситомегаловирусӣ, сирояти папиллома (кондиломатоз); гурӯҳи калони сироятҳои узвҳои пешоб ва таносул: хламидиоз, трихомониаз, микоплазмоз, граднереллез; трепонематози (фрамбезия, пинта, беджел) тропикӣ; паразитозҳо: хориш, педикулези зери ноф (шабушкзеркунӣ), дигар бемориҳои зиёд, ба мисли амебиаз, шигеллез, лямблиоз ва ҳоказо.
Хусусиятҳои САЧИ:
Аломатҳои САЧИ
Агар Шумо яке аз аломатҳои огоҳкунандаи зеринро мушоҳида кунед, дарҳол ба дерматовенеролог (табиби пӯсту олоти таносул) муроҷиат кунед. Дар хотир дошта бошед, ки ҳар қадар барвақт аломатҳои бемориро зоҳир намуда, ба муолиҷа шурӯъ кунед, ҳамон қадар зудтар табиб метавонад Шуморо муолиҷа намояд. Ҳамин тариқ, ҳангоми бо шахси бегона дар алоқаи ҷинсӣ қарор гирифтани Шумо, ба чӣ бояд таваҷҷӯҳ кард:
Ба занон:
Ба мардҳо:
Ҳам ба занон ва ҳам ба мардон:
Бояд дар хотир дошт, ки пас аз алоқаи ҷинсӣ метавонад ҳеҷ як аломат пайдо нашавад. Аксарияти занону мардон, ки бо хламидияҳо сироят гардидаанд, инчунин 9- то аз 10 нафар занони бо сӯзок сироятшуда, умуман ҳеҷ як тағйиротро ҳисс намекунанд, зеро чунин тағйирот умуман дида намешавад ва ё дар ҷое ба вуҷуд меояд, ки мушоҳида кардан ва ё ҳис кардани он ғайримкон аст. Агар яке аз чунин аломатҳои номбурда ба назари Шумо расида бошад, фавран ба мутахассис оид ба сироятҳои бо роҳи алоқаи ҷинсӣ гузаранда – дерматовенеролог муроҷиат намоед. Дар ҳолати хатари сироятшавӣ низ, ҳатто агар аломатҳои беморӣ вуҷуд надошта бошанд ҳам, бояд чунин амал кард. Табибон Шуморо муоина карда, дар ҳолати мавҷудияти зарурат табобат таъин мекунанд. Дар ҳеҷ кадом ҳолат ба худмуолиҷа машғул нашавед, аз маслиҳати дӯстон истифода набаред.
Аксарияти САЧИ дорои аломатҳои хеле монанд мебошанд. Аломатҳои як сироят кафолат намедиҳад, ки Шумо ба якчанд сироятҳое гирифтор шудаед, ки онҳо умуман бо маҷмӯи дорувории гуногун табобат карда мешаванд. Дар ҳолате ки агар Шумо бо истифодаи танҳо як доруворӣ табобатро бар зидди як сироят анҷом диҳед, Шумо метавонед аз табобати сирояти дигар барканор бошед! Бинобарин, бо гумони он ки Шумо саломат ҳастед, дар воқеъ бошад Шумо паҳнкунандаи сироят боқӣ мемонед, ки баъд аз чанд вақт метавонад дар Шумо ва ё шарики ҷинсии Шумо зоҳир гардад. Шумо ба шарики ҷинсии худ низ ҷиҳати муоинаи тиббиро бояд тавсия диҳед. Ин амал боиси эътимод мегардад, ки Шумо ӯро сироят накардаед ва аз тарафи дигар ҷиҳати пешгирӣ кардани сирояти дуюмкарати Шумо кӯмак мерасонад.
Аксарияти САЧИ табобатпазир мебошанд. Сироятҳои бактериалӣ, ба мисли сУзок (гонорея), хламидиоз, оташак (сифилис) бо ёрии антибиотикҳо муолиҷа мешаванд. Таҳти таъсири сабабҳои гуногун метавонад чунин бошад, ки муолиҷа ба 3% мардон ва 8% занон ҳеҷ як самарае намебахшад, аммо муолиҷаи такрорӣ одатан натиҷаи дилхоҳ медиҳад. Ҳангоми САЧИ, ки бо вирусҳои ҳерпес ба вуҷуд меоянд, воситаҳои истифодашаванда аксар вақт ҷараёни бемориро сабук мегардонанд ва боиси камшавии такрорёбии он мегарданд. Мутаасифона, САЧИ-ҳое ҳастанд, ки то ба имрӯз табобатнопазиранд, ба мисли ВНМО/БПНМ.