Уреаплазмоз (микоплазмоз).
Аз микробҳо сар мезанад: микоплазмаҳо ва уреаплазмаҳо. Дар 5-15% ҳолатҳо микоплазмоз ва уреаплазмоз дар шахсони воқеан сиҳат ошкор мешавад. Дар 70% ҳолатҳо беморӣ дар якҷоягӣ бо трихомоноз, сўзок, хламидиоз ва ҳоказо мушоҳида шудааст.
Паҳнкунандаи ягонаи сироят инсон мебошад. Ин микробҳо дар муҳити беруна ноустувор буда, дар организм танҳо дар пардаҳои луобӣ ҷойгир мешаванд ва ба хуну сафро, моддаҳои дигари организм роҳ намеёбанд, ба дохили ҳеҷ як бофта низ (аз он ҷумла ҳамрояк) ворид шуда наметавонанд, бинобарин сироятшавӣ асосан бо роҳи алоқаи ҷинсӣ ба амал меояд.
Ҳам мардон ва ҳам занон бемор мешаванд, аммо беморӣ барои мардон хеле хавфнок мебошад. Зиштии беморӣ аз он иборат аст, ки теъдоди асосии беморон худро сиҳат мепиндоранд (бо сабаби ҷой надоштани аломатҳои аёни сироят), бинобар ин тарзи маъмулии ҳаётро нигоҳ медоранд.
Давраи ниҳонии сироят - аз 3 рӯз то 5 ҳафта. Мушоҳида карда шудааст, ки аломатҳои беморӣ ҳар қадар фаъол бошанд, ин давра ҳамон қадар кӯтоҳтар мегардад. Ҳар замон шикоятҳо нисбати хориш дар узвҳои таносул, тарашшӯҳи на он қадар зиёд аз узвҳои таносул, дарднокии хусусияташ номаълум, риштаҳои луобӣ дар пешоб пайдо шаванд.
Сирояти ҷараёнаш бидуни аломатҳо ҳангоми ҳомиладорӣ ва таваллуд, хунукхӯрии аз ҳад зиёди бадан, вазъиятҳои гуногуни бошиддати рӯҳӣ ва ҷисмонӣ метавонад фаъолтар гардида, боиси аворизҳои вазнин шаванд: исқоти септикӣ, ҷараёнҳои илтиҳобии ҷанин ва ё навзод, инчунин ҷараёнҳои илтиҳобии узвҳои таносул ва масона. Дар натиҷаи ҷараёни тулӯъкунанда ҳам дар мардон ва ҳам дар занон пайдоиши безурриётӣ имконпазир аст. Дар занон ин авориз камтар ба назар мерасад.
Безурриётии мардон ҳангоми гирифторї ба уреаплазм метавонад на танҳо оқибати хуруҷи илтиҳоб дар узвҳои таносул, балки таъсири бевоситаи уреаплазм ба ҳуҷайраҳои манӣ (сперматозоидҳо) бошад. Дар занон илтиҳоби узвҳои таносули дохилӣ сурьатноктар ва зиёдтар инкишоф меёбад, зеро часпиши микоплазмҳо ба ҳуҷайраҳои манӣ ба амал омада бо ёрии худи онҳо мегузаранд.