Ҷараёни кори табобатии узвҳои системаи таносулии занон тадриҷан хеле мураккаб, серзина ва бисёрҷабҳа мебошад. Дар он се қисматҳои пай дар пайи ба ҳамдигар мутақобила робитадошта дохил мешавад: бо пуррагӣ ва ё суст кардани ҷараёни табаддулотҳои ғайриоддии эҳтилолӣ (табобати аслӣ), пешгирии минбаъдаи авҷгирӣ ва афзоишу ба вуқӯъ омадани бемориҳо (пешгирии дуюмдараҷа), қисман ва ё бо пуррагӣ барқарор намудани солимии бадан пас аз вайронкориҳои гинекологӣ (барқарорсозӣ).
Мисли дигар сохторҳои соҳаи тиб, усулҳои табобатии бемориҳои гинекологӣ ба ду гурӯҳҳои асосӣ тақсим мешаванд: гинекологияи муҳофизакорӣ (консервативӣ) ва ё ғайриҷарроҳӣ (усулҳои бо дорувориҳо истифодашуда) ва гинекологияи вазоифии амалиётӣ (усулҳои амалиётҳои ҷарроҳӣ истифодашуда). Ҳангоми табобат бо усулҳои истифодабарӣ аз дорувориҳо чунин маводҳо истифода карда мешаванд: зиддизарра мавҷудот (антибактериавӣ), ҳормонӣ, муътадилсозии хун (боздории хунравӣ), кам кардани дардҳискунӣ, маводҳое, ки вокуниши масунияти баданро маҳзуну худдорӣ менамояд, маводҳои дорувории зиддикамхунӣ, зидди барангезандаҳо (зиддисептикӣ), маводҳои ҷаббандаю несткунанда, маводҳои оромкунанда (оромбошӣ), маводҳои оромбахш (оромбахшӣ), маводҳои ангезандаи биологӣ (биотаҳриқаҳо) ва витаминҳо.
Ба усулҳои табобатии ғайридоруворӣ дар гинекология дохил мешаванд: ғизои мӯътадилӣ (ратсионалӣ), маҳси табобатӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, табобати рӯҳӣ (рӯҳафзунӣ), табобати табии (иқлимдармонӣ), табобат бо истифода аз лоиқа ва об (обу лоиқадармонӣ), табобат бо истифода аз барқ ва лазер (барқу лазердармонӣ), сӯзандармонӣ, табобат бо истифода аз хунукиҳо (криодармонӣ) ва табобат бо истифода аз маводҳои доруворӣва физиологӣ.
Ба усулҳои вазоифии амалиётӣ (усулҳои амалиётҳои ҷарроҳӣ истифодашуда) дар гинекология дохил мешаванд: сутурда тарошидани ковокиҳои бачадон, харобкорӣ бо истифода аз хунукӣ (криодеструксия), бо воситаи барқ сӯзонидан, бурида гирифтан, кӯшода тоза кардани фасодҳо (чиркҳо) ва канда гирифтани ҳуфра (барҳамдиҳии киста), исқоти ҳамли сунъӣ. Бо гузашти вақт ва замон ҳамаи ин усулҳои вазоифии амалиётӣ, амалиётҳои фаврӣ доимо мунтазам мукаммал карда, такмил дода мешаванд, ки онҳо дар воқеъ комилан хело ҳам таъсири номатлубро ба бадани занон ва мӯҳлати барқарорсозиро пас аз гузаронидани табобат кам менамоянд.