Гинекология – дар тарҷума “гине” зан, “логос” илм-ро мефаҳмонад, яъне он яке аз қисматҳои калони илми тиб, ки дар он омӯзиш ва таҳлили ҳамаи хусусиятҳои системаи таносулии занон гузаронида мешавад. Дари ин ҷода омӯзиши бемориҳо ва таҳлили хусусиятҳои анатомӣ ва кори узвҳои таносули занон низ дохил мешавад. Гинекология ҳамчунин ба таҳияи усулҳои пешгирикунанда, табобат ва барқарорсозии бемориҳо машғул мебошад. Имрӯз гинекология ва момодоягӣ, ки ба омодабошии умумӣ машғул аст, фанни ягонаи клиникӣ баҳисоб меравад.
Гинекологияи муосир (ҳозира) дар дохили худ ба ду қисм тақсим мешавад: гинекологияи муҳофизакорӣ (консервативӣ) (ин ҷода табобати амрозии бемориҳои системаи таносулии занон истифода бурда мешавад) ва гинекологияи вазоифии амалиётӣ (усулҳои табобатии гузаронидани амалиётҳои ҷарроҳӣ истифода бурда мешавад). Лекин чунин тарзи тақсимкунӣ дар дохили итхисоси мазкур тахминӣ ё худ рамзӣ ба шумор меравад зеро, ки бисёре аз бемориҳои гинекологӣ дар маҷмӯъ муносибати умумии табобатро талаб менамояд ва дар маҷмӯи мазкур дохил ҳам усулҳои муҳофизакорӣ ва ҳам амалиётӣ истифода бурда мешаванд.
Дар садсолаи бисту якум (асри 21) вобаста ба рушди таҳлилу таҳқиқҳои дохилии соҳа ва дар ҳамкорӣ бо дигар сохторҳои соҳаи тандурустӣ дар фанни гинекология самтҳои нави фаъолият тавлид шудаанд: саратоншиносӣ, ирсиятшиносӣ ва гинекологияи эндокринологӣ (ғадудшиносӣ). Инчунин, ванни алоҳида дар самти дигар бамисли гинекологияи наврасон ва кӯдакон ҷудо карда шудааст. Айни ҳол, то имрӯзҳо бо як ҷараёни бошитоб чуни самти дигар рушд ёфта истодааст, ба мисли ташхис ва табобати издовоҷҳои безурётӣ.
Барои ноил гаштан ба натиҷаҳои самарабахш дар ҷодаи гинекология пешравиҳо ва коркарду таҳияҳои чунин фанҳо ба мисли микробиология (заррамаҷудотшиносӣ), фармокология (дорӯшиносӣ), ташхиси шӯои (ионофарӣ) ва вазоифию амалиётӣфаъолона истифода бурда мешаванд. Ҳангоми муоинаю ташхис ва табобати беморон (касалшудагон) мутахассисон- гинекологҳо дастгоҳу таҷҳизотҳои муосири ҳозиразамон ва маводҳои дорувориҳои самаранокиашон баландро истифода мебаранд.