Омилҳои хавф
Ду омили асосии сироятшавӣ аз БС чунин мебошанд: таъсирпазирии аз ҳад зиёд нисбати сироят ва алоқа бо беморе, ки гирифтори шакли аёни БС мебошад. Ба гурӯҳи хавф таалуқ доранд:
Профилактика
Айни замон асоси пешгирӣ кардани БС ваксинаи БСЖ мебошад. Дар асоси «Тақвими миллии эмкунии пешгирикунанда» эмро ҳангоми мавҷуд набудани аломатҳои манъкунанда дар таваллудхона, рӯзҳои 3-7-уми ҳаёти навзод мегузаронанд. Эми дуюмро ҳангоми санҷиши манфии Манту ва мавҷуд набудани аломатҳои манъкунанда дар сини 7-14 солагӣ мегузаронанд.
Бо мақсади муаян кардани БС дар марҳилаи ибтидоӣ, гузаронидани таҳқиқоти флюорографӣ соле на камтар аз 1 маротиба зарур аст (вобаста аз ҳолати саломатӣ, касбу кор ва мансубият ба «гурӯҳҳои гуногуни хавф»). Инчунин ҳангоми тағйирёбии қатъии санҷиши Манту нисбат ба дафъаи пешин, аз муоина гузаштан зарур буда, аз ҷониби силшинос гузаронидани химиотерапияи пешгирикунанда бо ёрии якчанд доруҳо, дар маҷмӯъ бо витаминҳо ва гепатопротекторҳо метавонад тавсия карда шавад.