Педиатрия (аз юнони Paidós - тифл+ iatréia - табобат) доир ба мафҳуммуайянкунии асосгузорӣ педиатрияи Россия С. Ф. Хотовицкий, ки соли 1847 дар аввалин дастурамали русӣ «Педиятрика» хусусият дода буд: «ин илмест оиди хусусиятҳои фарқкунандаи заҳролудшавӣ ва беморшавии организми кӯдакон ва асосан хусусиятҳои нигоҳдории солимӣ ва табобати бемориҳо дар кӯдакон». Вазифаи асосии педиатрия ин нигоҳдорию ҳифзи солимӣ ва ё баргардонидани ҳолати (ҳангоми беморӣ) солимии кӯдак, ба ӯ имконият диҳад, то ин, ки бо пуррагӣ бештар (максималӣ) истеъдоду тавоноии модарзодии худро дар ҳаёт амалнамояд.
Педиатрия – соҳаи тандурустӣ, ки ба омӯзиши нуқсонҳои синни кӯдаконаро машғул мебошад. Илми мазкур яке аз фанни асосии клиникии соҳа ба шумор меравад. Солимии кӯдак – нишондоди умумии солимӣ аст. Ҳамаи нуқсонҳои кӯдаконро бояд, ки дар синниё айёни хурдсолӣ пешгирӣ намуд, то ин, ки аз ҳама оқибатҳои пас аз беморӣ ба вуқӯъ омада ва гузариши он ба бемориҳои музмин раҳоӣ ёбанд.
Педиатрия – самти мустақили соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, хусусиятҳои синну солии ташаккулёбӣ, афзоишу инкишофи кӯдакро, бемориҳои кӯдаконаро ва инчунин, масъалаҳои ташкил намудани нигоҳубинӣ аз рӯи кӯдакони солим ва беморро меомӯзад. Сараввал масъалаҳои фаъолиятии педиатрия танҳо махсусан ба бемориҳои кӯдаконаи синни барвақтӣо ва табобати онҳо равона шуда буд. Дар мафҳуми ҳозиразамони педиатрия ҷабҳаҳои гуногуни чораҳоро вобаста ба афзоишу инкишофи меъёрии муқаррарӣ ва бемориҳои кӯдаконаро дар давраҳои гуногуни онро (аз рӯзи таваллуд то ба балоғатрасӣ) дарбар мегирад. Ба чунин самти фаъолият физиология, гигиена, парҳезкорӣ, бемориҳои кӯдакона, табобат ва пешгирии бемориҳо дохил мешаванд.
Мақсаду вазифаи педиатрия нигоҳдорӣ ва барқарорсозии (ҳангоми беморшавӣ) солимии кӯдакон. Таъмин намудани имкониятҳо барои афзоишу инкишофи ҷисмонӣ, ақлу зеҳнӣ ва муассирию эҳсосоти ҳар як кӯдак ба ҳисоб меравад. «Сартабиби асосӣ» доир ба бемориҳои кӯдакона табиб-педиатр ба ҳисоб меравад. Мисли амрозшиноси (терапевт) калонсолон, табиб-педиатр мутахассиси кӯдаконаи ҳамаҷабҳа, соҳибмалака ба ҳисоб меравад, ки ӯ метавонад бемориҳои гуногуни кӯдаконаро ташхису таҳлил намояд, ва ҳангоми зарурат кӯдакро ба назди табибони самти касбиашон маҳдуд барои машварату маслиҳат диҳӣ фиристонад: равоншиноси кӯдакона, табиби бемориҳои пӯсти кӯдакона, табиби бемориҳои урологии (табиб-бавлияшинос) кӯдакона, табиб-гинекологи кӯдакона, табиб-бодияшинос ва масуниятшиноси кӯдакона (бемориҳои шаровӣ– алергикӣва масуниятӣ), табиби бемориҳои дили кӯдакона (қалбшинос), табиб-эндокринологи кудакона (ғадудшинос), табиби гастроэнтерологи кӯдакона (меъдаю рӯда шинос), табиб офталмологи кӯдакона (чашмшинос), табиби отоларингологи кӯдакона (гӯшу гулӯю бинӣ шинос), табиби стоматологи кӯдакона (дандон шинос) ва ғ. Табиб – педиатр бояд,ки соҳиби шумораи бештари қофии донишҳои тахассусию ихтисосӣ, таҷрибаи махсус бошад ва меъёрҳои гуногуни афзоишу инкишофи кӯдакро аз тамоили ғайримеъёрӣ фарқ карда тавонад .
Ба тариқи тасвири шартӣ асосӣ педитрияро ба якчанд гурӯҳҳо ҷудо карда мумкин аст:
Асосҳои муосири ҳозиразамони педиатрия номгӯи васеъи бемориҳои кӯдаконаро дарбар мегирад. Ин ҳам бошад бемориҳои узвҳои даруна, сироятҳои шадиди роҳҳои нафас (респираторӣ), бемориҳои хун ва мубодилаи моддаҳо (ғизо), масълаҳою равонию рӯҳӣ ва иллатҳою харобшавии системаи асаб мебошад.
Дар илми пелиатрия ҷудо намудани якчанд давраҳои синну солии ҳаёти кӯдакон қабул гардидааст: давраи навзодӣ (давраи неонатал- аз якмоҳагӣ то 28 рӯзи ҳаёт), давраи тифли ширхорӣ (аз якмоҳагӣ то яксолагӣ), кӯдакӣ, кӯдакии барвақтӣ (аз яксолагӣ то сесолагӣ), томактабӣ (аз сесолагӣ то ҳафтсолагӣ), мактабии хурдсолӣ (аз ҳафтсолагӣ то ёздаҳсолагӣ), мактабии калонсолӣ ва ё наврасон (аз дувоздаҳсолагӣ то ҳабдаҳ-ҳаждаҳсолагӣ). Дар давраҳои синну солии гуногуни инкишофи кӯдакон махсусан бештар, ин ё он бемориҳои кӯдакона ба вуқӯъ меоянд.
Ҳамин тариқ дар давраи навзодӣ бемориҳои кӯдаконае, ки сабабҳои пайдоишашон ба вайроншавии афзоишу инкишофи дар батни модар, дохилибачадонӣ вобастагӣ дорад (нафастангӣ, бемориҳои хуни ҷанин (гемолитикӣ), бемориҳои сироятии дохилибачадонӣ, нуқсонҳои модарзодӣ, қудаки норасоӣ, алоимҳои ирсӣ вағ.), раванди таваллудкунии нуқсонӣ (оммосҳои кефалогематомӣ, босураи таваллудӣ, шикасти чанбари гардан (ключитса) ва ғ.), аз ҷумла ҳисскунии баланди тифли ширхор ба сироятҳои вирусӣ ва сироятҳои барангезандааш коккӣ (илтиҳоби ноф-омфалит, обилағубобчаҳо-везикулопустулез, обиласории тифли навталлудшуда-пузырчатка ва ғ.)
Бемориҳои кӯдаконаи синну соли ширхорӣ пеш аз ҳама ба сарбории функционалӣ ба системаи хӯрокхурӣ меъдаю рӯда ва нафаскашии кӯдак вобастагӣ долрад. Дар байни бемориҳои кӯдаконаи синни ширхорӣ бештар бемориҳои системаи меъдаю рӯда вомехӯранд (дарунравӣ, илтиҳоб, дезентерия, камвазнӣ, харобшавӣ, илтиҳоби рӯдаҳои борик ва ғафс) ва узвҳои нафаскаш (илтиҳоби шушҳо аз бактерияҳо ва вирусҳо). Роҳ додан ба хатогиҳо ҳангоми синамаконӣ ва реҷаи рӯзи тифли ширхор метавонад ба пайдоиши бемориҳои махсусан барои синну соли кӯдак хос – рахит оварда расонад.
Дар давраи кӯдакӣ, кӯдакии барвақтӣ (аз яксолагӣ то сесолагӣ), томактабӣ (аз сесолагӣ то ҳафтсолагӣ) чунин бемориҳо дохил мешаванд: сурхча, кабутсулфа, гулафшон, гулӯзитндонак, махмалак ва бемории сил. Чунин ҳолат аз наросоӣ ва номукамаллии системаи масунияти кӯдак, инчунин, васеъ шудани алоқамандии кӯдак бо муҳити атрофаш ва ҳамсолонаш шаҳодат дода, шарҳ медиҳад. Ҳамчунин, дар чунин давраҳои синну солӣ шумораи бемориҳои сироятию шаровӣ-алергикии кӯдакона бештар зиёд мешаванд: зиққи нафас, тарбодӣ, шукуфаҳо, илтиҳоби гурдаҳо (гламерулонефрит ва ғ.)
Давраи мактабии хурдсол бошад тез тез ба сироятҳои шадид, вароншавӣ нуғсонгирии ғадудӣ (эндокринӣ), бемориҳои системаи асаб ва дил дучор мешаванд. Дар давраи синну соли мактабии калонсолӣ ва ё наврасон дар маҷмӯи бемориҳои кӯдакона бемориҳои вайроншавӣ ва илтиҳоби мояҳосилкунии ғадудҳои даруна, вайроншавии инкишофии узвҳои таносулӣ, вобаста ба варидҳо ва рагҳо, рӯҳӣ-асабоният ва ғ. бештар бартарӣ дошта, зиёд бақайд гирифта мешаванд.
Аз ҳама бештар аломатҳои тез–тез вомехӯрандаи бемориҳои кӯдакона ин обиладоначаҳо, ғубобчаҳо, калоншавии гиреҳҳои лимфатикӣ, баландшавии ҳарорат, варамкунӣ илтиҳоби луобии бинӣ, сулфакунӣ, қайкунӣ, дард дар қисмати шикам ва ташаннуҷӣ-рагкашӣ мебошанд. Ҳангоми пайдоиши чунин аломатҳо ва нишонаҳои беморӣ кӯдак ҳатман бояд аз муоина ва машварати педиатр гузаронида шавад.
Ҳар яке аз волидайн (падару модар) бояд, ки аз асосҳои педиатрия бохабару шинос бошад, бемориҳои асосии кӯдаконаро ва пайдоиши онро бояд донад, то ин, ки тавонад муҳимият будани вазъро ва ҳолати тифлро баҳо дода тавонад, муайян карда тавонад оё нотобӣ ва беҳолии кӯдак ба ҳаёти он хавфи бевоситаро эҷод мекунад.
Педиатрия дар як ҷой наистода таваққуф нагузоштааст: усулҳои нави ташхис ва табобати бемориҳои кӯдакона омодаю ихтироъ шуда амалӣ гашта истодааст, фаҳмиш ва дарки механизми пайдоиш ва авҷгирии бемориҳо дар кӯдакон чуқуртар омӯхта шуда, тарақӣ ёфташуда истодааст. Муваффақияту комёбиҳои педиатрияи муосири ҳозиразамон маҷбур сохт, ки бисёре аз бемориҳои маъмули кӯдаконаи марговар ақибнишинӣ намояду бартараф карда шаванд. Сабаби чунин мувафаққият ихтироъ ва тайёр намудани эмдорӯ бар зидди якқатор бемориҳои сироятии кӯдакона гашт, инчунин таҳияю омодаи ғизоҳои омехтаи сунъии мутобиқаткардашуда, ихтироъ ва пайдоиши маводҳо дорӯвориҳои муосири зидди бактериявӣ, баланд гардидани сифати ташхис ва табобати кӯдакон боис гаштаанд.
Дар барораи ин, гарчанде сатҳи беморшавии кӯдакон баланд боқӣмемонад; бештар назаррас бемориҳое, ки пештар махсусан танҳо бемориҳои одамони синну соли ба балоғатрасида мансуб буд, “ҷавон шуданд”. Байни бемориҳои кӯдакона бештар бемориҳои системаи дилу рагҳои хунгард, эндокринологӣ, рӯҳию равонӣ, пайдоиши омосҳо, вайроншавии системаи ҳаракату такягоҳӣ вомехӯранд.
Кӯдак – ин як шакли нусхаи хурди одами калонсол мебошад. Организми кӯдак дар ҳолати мунтазами доимии афзоишу инкишоф қарор дошта, дорои якҷкатор хусусиятҳои анатомию физиологӣ, ҷисмонӣ ва ҳиссиётии номукаммали ба балоғатнарасида мебошад, ки ин хислати раванди гузашти бемориҳои кӯдаконаро ифода мекунад.
Пайдоиш ва раванди бемориҳои кӯдакона ҳама вақт пегӯи нашаванда аст: ҳатто илтиҳоби одии луобии бинӣ барои кӯдак метавонад марговар бошад, агар саривақт сабабҳои он муайян карда нашуда бошад, табобати дурустӣ аломатӣ саривақт андешида нашуда бошад, назорати мутахассис ташкил карда нашуда бошад. Дар баробари ин, ба туфайли вуҷуд доштани имкониятҳои баланди худбарқароркунии организми кӯдак, бисёре аз бемориҳое, ки дар калонсолон ба вайроншавӣ, иллати музмин ва ё маъюбӣ, машаққат оварда мерасонад метавон бо муваффақият дар кӯдакон табобат намуд.
Сарчашмаи бисёре аз бемориҳои калонсолон асосан аз кӯдакӣ оғоз мегардад. Бинобар ин, ҳолату вазъи солимии одами калонсол дар бисёр маврид аз шароитҳои афзоишу инкишофи организми тифл ва ё кӯдак, нигоҳдорӣ, ташвишу ғамхориҳо нисбати солимии кӯдак дар айёни оғози ҳаёти он муайян мегардад. Имрӯз диққати асосӣ дар тиббӣ кӯдакона ба самти пешгирии беморӣ равона карда шудааст, ки он ба нигоҳдории пас аз таваллудшавӣ (антенаталии) ҳифзи тифл, пешгирӣ ва эмин доштани ҷарроҳатбинии ҳангоми таваллудшавӣ, ташкил намудани нигоҳубинии ҷиддии мунтазам аз руи тифли навзод (таъмини реҷаи дақиқи оптималии хӯрокхурӣ, хобкунӣ ва бедорию ҳаракатӣ ва обутобёфтаи асил), эмгузаронии саривақтии кӯдакон мутобиқи тақвими миллии эмкунии пешгирикунанда (иммунопрофилактика), барномаҳои махсуси маҳдудӣдоир ба муайян намудани вайрониҳои, нуқсонҳои ирсии организми кӯдак, гузаронидани назорати хона ба хона, муоинаи давравӣ-диспансерӣ дода мешавад. Ғамхорӣ оиди солимии кӯдак ва пешгирии бемориҳои кӯдакона-сиёсати давлатии афзалиятноки аввалиндараҷа ба шумор меравад.
Ёрии махсусгардонидашуда дар системаи нигоҳдории тандурустии кӯдакона дар беморхона ва марказҳоии саломатии кӯдакона, шӯъбаҳои педиатрии марказҳои тиббии бисёрсоҳа ё серсоҳавӣ,клиникаҳои хусусии кудакона гузаронида мешавад.
Ғайриимкон ва ғайрисамаранок мебошад табобат намудани бемориҳои кӯдакона бо усулҳои “калонсолон” , бинобар ин, таи солҳои охир дар педиатрия самтҳои алоҳидаи касбии маҳдуд ҷудо карда шудааст: ҷарроҳии кӯдаконаи дил, ҷарроҳаттабобатии кӯдакона, ва шикастабандии кӯдакона, ҷарроҳии асаби организми кӯдакон, табобати бемориҳои хуни кӯдакона ва оммосшиносии кӯдакона, эҳёгарӣ ва барқарорсозии кӯдакона ва ғ.
Муваффақияти комили асосӣ дар табобати бемориҳои кӯдакона ин муносибати касбиятӣ, истифода бурдани усулҳои технологии пешрафтаи баланди ташхисӣ ва табобатӣ, рафтору муомилаи бавариноку ботамкин байни табибон, падару модар (волидайн) ва кӯдак мебошад.