Аз моҳи январ то моҳи марти соли 2020, дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Кӯлоб, Хуҷанд ва Хоруғ, вохӯриҳои корӣ оид ба муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқоти ҳуҷравӣ оиди қонунгузорӣ дар бораи маводи нашъа ва нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барпо гардиданд.
Чорабиниҳо аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Aфиф» дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадомоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи лоиҳаи "Дастгирии ташаббусҳо барои беҳтар намудани сиёсати миллӣ оид ба маводи мухаддир", ки аз ҷониби Шӯъбаи Ташкилоти Байналмилалии Институти “Ҷамъияти Кушода” Бунёди Мадад дар Тоҷикистон” маблағгузорӣ карда шуд, ташкил карда шуданд.
Дар чорабиниҳои мазкур кормандони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлия, Суди олӣ, Хадомоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО ВТ ҲИА ҶТ, Маркази ҷумҳуриявии клиникии наркологӣ ба номи проф. Ғуломов ВТ ҲИА ҶТ ва намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок карданд.
Дар ҷараёни вохӯриҳои корӣ оид ба муҳокимаи натиҷаҳои тадқиқоти ҳуҷравӣ оиди қонунгузорӣ дар бораи маводи нашъа ва нашъамандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мухолифотҳо дар муқаррароти қонунҳо муҳокима шуда, тавсияҳо оид ба мувофиқ кардани қонунгузорӣ, ҷамъоварӣ карда шуданд.
Дар асоси натиҷаҳои ин вохӯриҳо мақола омода карда шуд ва дар воситаҳои ахбори омма дар бораи аҳамияти такмили қонун оид ба маводи мухаддир нашр гардид.
Вохуриҳои корӣ дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019-2020 гузаронида шуданд.