Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Дар Душанбе доир ба натиҷаҳои лоиҳаи “Мо зери як офтобем” мизи гирд баргузор шуд

gerb                                     Afif new

 

 

 

 

10 марти соли 2023 дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар баргузор гардид, ки дар он натиҷаҳои лоиҳаи «Мо зери як офтобем», ки аз ҷониби ширкати фармасевтии амрикоии Gilead Sciences Inc маблағгузорӣ мешавад, баррасӣ шуд. Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи миллии ҳамоҳангсозӣ оид ба мубориза бо СПИД, сил ва вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутахассисони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва байналмилалӣ, инчунин кормандони ВАО иштирок намуданд.GileadRT1

Дар рафти вохӯрӣ натиҷаҳои асосии фаъолияти лоиҳа ва натиҷаҳои маъракаи иттилоотӣ, ки дар доираи лоиҳаи мазкур гузаронида шудаанд, баррасӣ гардид. Инчунин оид ба татбиқи дастури “Роҳнамо оид ба таъмини муносибати маҷмӯии байнисоҳавӣ дар рафти хизматрасониҳои тиббӣ ба шахсони бо ВНМО зиндагикунанда дар шароити пандемияи COVID-19”, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, мубодилаи афкори муфид ба амал омад.

Лоиҳаи «Мо зери як офтобем» аз 11 апрели соли 2022 то 11 апрели соли 2023 аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» дар ҳамкорӣ бо марказҳои мубориза ва пешгирии бемории ВНМО, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва кормандони ВАО амалӣ мегардад. Ҳадафи лоиҳа фароҳам овардани муҳити мусоиди иҷтимоии бидуни табъиз барои таъмини дастрасии умумӣ ба пешгирӣ, табобат, нигоҳубин ва дастгирӣ нисбат ба ВНМО мебошад.

GileadRT




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.