Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» озмуни ҷумҳуриявиро зери шиори “Мо зери як офтобем” байни рӯзноманигорон ва блогерон барои беҳтарин инъикоси мавзӯъ, ки ба ташаккули муҳити мусоиди иҷтимоии табъиз ва тамғагузориро нисбати шахсони бо вируси норасоии масунияти одам зиндагикунанда (ШВЗ) истиснокунанда мусоидат мекунад (минбаъд – Озмун), эълон мекунад.
Санаи баргузории Озмун: аз1 сентябр то 15 октябри соли 2022.
Номинаҳои Озмун:
Мавзӯи маводи ба Озмун пешниҳод мегардида:
Маводи пешниҳод гардида бояд ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи сирояти вируси норасоии масунияти одам (ВНМО), роҳҳои муҳофизат, пешгирии эҳтимолияти хатари сирояти ВНМО ва ҳаракат намудан барои тағйир додани рафтори хатарноки худ, таъсир расонидан ба муносибат нисбати ШВЗ ва сафарбар намудани ҷомеа ва қувваҳои сиёсӣ ба ташаккули муҳити мусоиди иҷтимоӣ, мусоидат намояд.
Мукофот барои Озмун:
Шахсоне, ки хоҳиши иштирок дар Озмуни мазкурро доранд, метавонанд бо Низомномаи Озмун шинос шаванд ва корҳои муаллифии худро ба почтаи электронии Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. равон кунанд.
Барои гирифтани маълумоти муфассал Шумо метавонед тавассути рақами зерин бо мо тамос гиред: (+992) 93 583 25 78.