Салом Санам.
Вақте ҳамсаратон бо ягон гап ё амалаш шуморо ба ғазаб меорад, шумо ҳаракат мекунед, ки худро ба даст гиред. Ӯ пай мебарад, ки шумо чун пештара бо ӯ муносибат накарда истодаед ва саволҳо додан мегирад. Ин бошад, вазъиятро бадтар мекунад. Пас, дар ин ҳолат чӣ тавр худро ба даст гирифта метавонед?
Шумо бояд чиро донед
Ғазабро идора накардан ба саломатӣ зарар меорад. Мувофиқи баъзе тадқиқотҳо идора накардани ғазаб фишори хунро баланд карда, метавонад ба бемориҳои дил, депрессия ва ҳазм накардани хӯрок оварда расонад. Ғайр аз ин, он сабаби бехобӣ, хавотирӣ, бемориҳои пӯст ва сактаи дил мегардад. Беҳуда гуфта нашудааст: «Аз хашм даст бикаш... ки он фақат зиён меорад». Ғазабро дар дил гирифта гаштан низ зарар дорад. Хашму ғазабро идора накардан ба касалие монанд буда метавонад, ки одамро дарунакӣ тамом мекунад. Масалан, шумо ба ҳама чиз бо шубҳа нигариста, нуқтаи назари айбҷӯёнаро дар худ инкишоф медиҳед. Як умр бо чунин шахс зиндагӣ кардан душвор аст, ва ин рӯҳия ба издивоҷатон зарари ҷиддӣ расонда метавонад.
Шумо чӣ кор карда метавонед? Ба хислатҳои хуби ҳамсаратон диққат диҳед. Се хислати ҳамсафари ҳаётатонро, ки қадр мекунед, нависед. Вақте ки ягон амали ӯ шуморо асабонӣ мекунад, ин хислатҳоро ба хотир оред. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки худро ба даст гиред. Миннатдор будани худро нишон диҳед.
Бо омодагӣ бахшед. Дар аввал ба вазъият аз нуқтаи назари ҳамсаратон нигаред. Ин ба шумо ёрдам мекунад, ки ҳиссиёти ҳамсаратонро фаҳмед ё чи хеле ки мегӯянд "ҳамдард" бошед. Сипас аз худ пурсед: «Оё ин вазъият кирои ба ғазаб омадану набахшидан мебошад?» Агар аз хато чашм пӯшем, ин касро зеб медиҳад.
Санам, ҳиссиётатонро меҳрубонона ва бо мулоимӣ фаҳмонед. Дар ин вақт ҷонишини «ман»-ро истифода баред. Масалан, ба ҷойи «Шумо ин қадар бепарво. Занг зада дар куҷо буданатонро гӯед намешавад» гуфтан, «Рӯз бевақт шуд ва ман хавотир шудам, ки бо шумо ягон чӣ рӯй надода бошад» гӯед. Агар шумо ҳиссиётатонро бо мулоимӣ фаҳмонед, ин ба шумо ёрдам мекунад, ки хашму ғазабатонро идора кунед. Бигзор суханони шумо ҳамеша форам... бошанд.
Боэҳтиромона гӯш кунед. Баъди баён кардани ҳиссиётатон гапи ҳамсаратонро набурида бодиққат гӯш кунед. Вақте ки ӯ гапашро тамом кард, барои боварӣ ҳосил кардан, ки гапашро дуруст фаҳмидед ё не, чизи фаҳмидаатонро бо гапҳои худатон гӯед. Барои идора кардани ғазаб бодиққат гӯш кардан хеле муҳим аст.Принсиперо биёед ба хотир орем: «Ҳар кас бояд дар шунидан бошитоб, вале дар гуфтан... оҳиста бошад».
Агар худро ором нишон дода ғазабро дар дил гирифта гардем, ин душвориро ҳал намекунад ва мо як рӯз не як рӯз мекафем. Барои ҳамин беҳтараш дар бораи душвориатон боэҳтиромона гап занед. Вақте мо гапатонро тамом мекунед, шумову шавҳаратон ба якдигар мегӯед: “Биё аз нав дӯст мешавем”».
Ҳамсаре доимо сухани занашро гӯш мекунад ва ба хавотириҳояш ҷиддӣ муносибат мекунад. Зан инро хеле қадр мекунад. Ҳатто ӯ агар бо занаш розӣ набошад ҳам, фикру ақидаи ӯро ба назар мегирад. Ӯ ҳеҷ гоҳ барои баён кардани ин ё он ҳиссиёташ вайро паст намезанад.
Пас, Санам, биёед ин маслиҳатҳои ба кор барем ва фоидаашро бо чашмонатон мебинед.
Бо эҳтиром, Ризвона.
Администрация вебсайта предлагает Вам услуги на условиях, изложенных в настоящем пользовательском Положении. Все материалы, публикуемые на вебсайте www.afif.tj носят исключительно информационный характер. Владелец и создатель вебсайта РОО «Афиф» не несет ответственности за использование материалов, доступных на данном информационном ресурсе. Рекомендации медицинских специалистов и экспертов, размещаемые на вебсайте, не являются врачебными предписаниями. Посетитель вебсайта принимает на себя все риски, связанные с использованием информации и рекомендаций экспертов. Ни при каких условиях и обстоятельствах, ответственность за последствия, которые прямо или косвенно повлекло за собой использование информации или рекомендаций, размещенных на вебсайте www.afif.tj, не может возлагаться на владельцев и создателей сайта и быть основанием для их судебного преследования. Администрация вебсайта не несет ответственности за посещение и использование Пользователем внешних ресурсов, ссылки на которые могут содержаться на нем. Материалы вебсайта используются исключительно в некоммерческих целях, в связи с чем, их коммерческое применение запрещено.