Салом Бежан.
Вақте ту фикру ақидаи худро дорӣ, намемонӣ, ки бозичаи дасти дигарон шавӣ.
ТУ МЕБУДӢ, ЧӢ КОР МЕКАРДӢ?
Ин воқеаро тасаввур кун: дар роҳи мактаб ду ҳамсинфаш пеши Бежан меоянд. Онҳоро дида, дилаш гуп-гуп задан мегирад. Ин ҳафта аллакай ду бор онҳо ба ӯ сигор пешкаш карда буданд. Ду бор Бежан «не» гуфт. Ин дафъаи сеюм аст.
Якум ҳамсинфаш салом карда, мегӯяд:
«Ҳа, Бежан, тоқа гаштӣ? Биё, бо як ҷӯрам тура шинос кунам».
Ӯ дасташро ба кисааш бурда, чизеро аз он мебарорад ва ба Бежан дароз мекунад. Дили Бежан боз ҳам сахттар мезанад.
Бежан мебинад, ки «ҷӯра»-и гуфтагиаш сигарет аст ва дамаш ба дарун мезанад.
«Э бача, ман гуфтам-ку, ин хел чиза наме...»
Ҳамсинфи дуюмаш гапи ӯро бурида мегӯяд: «Неки ту тарсончак будай!»
«Не, ман тарсончак нестам»,— тамоми ғайраташро ҷамъ карда мегӯяд Бежан.
Ҳамсинфи дуюмаш дасташро ба китфи Бежан монда, бо овози дӯстона мегӯяд: «Гир, Бежан. Ман медонам, ки ту мардӣ».
Ҳамсинфи якумаш сигаретро ба рӯи ӯ наздиктар меорад ва бо овози паст мегӯяд: «Натарс, гир. Мо ба ягон кас намегӯем».
Агар ту ба ҷойи Бежан мебудӣ, чӣ кор мекардӣ?
Ба фикри ту, оё дӯстони Бежан дар бораи дуруст ё нодуруст будани сигоркашӣ фикр карда буданд? Оё онҳо худашон хостанд ба ин кор даст зананд? Аз афташ, не. Бисёри ҷавонон ба таъсири ҳамсолонашон дода мешаванд. Онҳо барои ба ҳамсолон маъқул шудан мисли онҳо рафтор мекунанд.
Агар ту ҳам мисли Бежан ба ин хел ҳолат рӯ ба рӯ мешудӣ, барои ба таъсири ҳамсолон муқобилат кардан чӣ кор мекардӣ?
Хатарро пешакӣ бин, чунки гуфта шудааст: «Шахси бофаросат мусибатро мебинад, ва пинҳон мешавад: вале содадилон гузашта мераванд, ва ҷазо меёбанд».
Баъзан хатарро пешакӣ дидан мумкин аст. Масалан, ту рафта истодаӣ ва аз дур мебинӣ, ки як гурӯҳ ҳамсинфонат сигор кашида истодаанд. Агар ту пешакӣ фикр кунӣ, ки чӣ рӯй дода метавонад, боақлона рафтор мекунӣ.
Аз худ бипурс: «Агар ман мисли дигарон рафтор кунам, чӣ ҳис мекунам?» Агар ин хел кунӣ, мумкин дар аввал ту худро дар байни ҳамсинфон одами худӣ ҳис кунӣ. Лекин баъдтар-чӣ? Оё ту тайёрӣ, ки барои ба ҳамсинфонат маъқул шудан аз фикру ақидаҳои худ даст кашӣ?
Хирадмандон фармудаанд: «Бофаросат ба ҳар қадами худ диққат медиҳад»..
Чӣ қароре ки қабул кунем, як рӯз не, як рӯз оқибаташро мечашем. Агар ту қарор қабул кунӣ ва дар бораи оқибаташ фикр намоӣ, ту нотарсона фикратро ба дигарон мегӯӣ. Баъд аз ин ту оромиро ҳис мекунӣ.
Шарт нест, ки вақте ҳамсолонат туро ба кори бад тела медиҳанд, ба онҳо дар бораи одобу ахлоқ лексия хонӣ. Танҳо бо боварӣ «НЕ» гуфтан бас аст. Ё ки барои қувват додани гапи худ метавонӣ илова кунӣ:
«Ман ба ин чизҳо даст намезанам!»
«Гапи ман якта!»
«Биёед монед, шумо мана медонед-ку!»
Асосаш ҳамин ки барои ин хел вазъиятҳо бояд ҷавобат тайёр бошад ва бо боварӣ гап занӣ. Агар ин хел кунӣ, мебинӣ, ки ҳамсолонат дигар ба ту кордор намешаванд.
Агар ту ҳам мисли Бежан ба ин хел ҳолат рӯ ба рӯ мешудӣ, барои ба таъсири ҳамсолон муқобилат кардан чӣ кор мекардӣ?
Агар ҳамсолонат ба ту ягон чиз пешкаш кунанд ва ту розӣ нашавӣ, онҳо шояд туро масхара кунанд. Мумкин онҳо чунин гӯянд: «Биё мон! Тарсончакӣ накун!» Бо ин роҳ онҳо кӯшиш мекунанд, ки туро идора кунанд. Ту чӣ хел рафтор карда метавонӣ? Ду вариант дорӣ:
Бо масхара «розӣ» шавӣ. («Ҳа, ман метарсам». Баъд кӯтоҳакак сабабашро фаҳмон.)
Ба масхара ҷавоб гардонӣ. Сабаби розӣ нашуданатро фаҳмон ва бо ягон гап кӯшиш кун ақлашонро бедор кунӣ. («Одамони боақл метобед, лекин як корҳое мекунед ки...»)
Агар онҳо фишор оварданро давом диҳанд, хеста рав! Чи қадаре ки бисёртар истӣ, ҳамон қадар таъсири онҳо бештар мешавад. Бо ин рафторат ту нишон медиҳӣ, ки ба ягон кас намегузорӣ, ки хӯҷаини ҳаёти ту бошад.
Албатта, ту аз таъсири ҳамсолон гурехта наметавонӣ. Лекин ту ҳама вақт метавонӣ худат қарор кунӣ, ки розӣ шавӣ ё не ва фикратро ба дигарон гӯӣ. Ту соҳиби ҳаёти худ ҳастӣ. Ихтиёр дар дасти туст!
Ту дар навбати худ чӣ кор карда метавонӣ?
Чӣ тавр ман барои ба таъсири ҳамсолон муқобилат кардан худро тайёр карда метавонам?
Агар ҳамсолонам маро ба кори нодуруст тела доданӣ бошанд, ман чӣ кор мекунам?
Бо эҳтиром, Ризвона
Администрация вебсайта предлагает Вам услуги на условиях, изложенных в настоящем пользовательском Положении. Все материалы, публикуемые на вебсайте www.afif.tj носят исключительно информационный характер. Владелец и создатель вебсайта РОО «Афиф» не несет ответственности за использование материалов, доступных на данном информационном ресурсе. Рекомендации медицинских специалистов и экспертов, размещаемые на вебсайте, не являются врачебными предписаниями. Посетитель вебсайта принимает на себя все риски, связанные с использованием информации и рекомендаций экспертов. Ни при каких условиях и обстоятельствах, ответственность за последствия, которые прямо или косвенно повлекло за собой использование информации или рекомендаций, размещенных на вебсайте www.afif.tj, не может возлагаться на владельцев и создателей сайта и быть основанием для их судебного преследования. Администрация вебсайта не несет ответственности за посещение и использование Пользователем внешних ресурсов, ссылки на которые могут содержаться на нем. Материалы вебсайта используются исключительно в некоммерческих целях, в связи с чем, их коммерческое применение запрещено.