Ассалом Нодира.
Ман фикр мекунам, ки он чизе, ки дар оина мебинед, чизи аз ҳама муҳим нест.
Тасаввур кунед: Ҷонона духтари хушрӯй аст. Падару модар ва дугонаҳояш ӯро барои хушрӯгиаш таъриф мекунанд. Лекин ҳар вақте ӯ ба оина нигоҳ мекунад, дар худаш айб меёбад. Баъзан аз сохти биниаш розӣ нест, баъзан мехоҳад, ки рӯяш бе доғ бошад ва ё харобтар бошад.
Чанде пеш ба сари Ҷонона чунин фикр омад, ки коре карда ду-се кило хароб шавад. Барои ин ӯ мехоҳад якчанд рӯз гушна гардад...
Агар шумо ҳам мисли Ҷонона аз худатон розӣ набошед, чӣ кор карда метавонед? Ҳол он ки шумо бемории силро аз сар гузарондед. Шумо бояд сари вақт хӯроки серғизо хӯред, то ки қувват пайдо кунед.
Нодираҷон, як маротиба истода фикр кунед. Духтари наврасе ба оина нигоҳ карда, худро каҷалаву безеб мебинад.
Баъзан ҷавонон гӯё ба оинаи каҷнамо нигоҳ карда афту андоми худро нодуруст баҳо медиҳанд. Дар бораи афту андом фикр кардан нодуруст нест. Лекин бисёр ҷавонон аз ҳад зиёд дар бораи рангу рӯ ва қаду басташон фикр мекунанд. Ин кор оқибати бад дошта метавонад. Мисол: аз баъзе духтарон пурсиданд, ки онҳо дар бораи худашон чӣ фикр доранд. Маълум шуд, ки бисёри онҳо худро аз ҳад фарбеҳ меҳисобиданд. Дар асл бошад, фақат 17 фоизашон чунин буданд.
Вақте ин саволро ба духтарони дигар доданд, зиёди онҳо гуфтанд, ки аз ҳад фарбеҳанд. Аҷоибаш ин ки ҳамаи ин духтарон аз ҳад хароб буданд!
Баъзе ҷавонон «хароб мешавам» гуфта, худро ғуломи анорексия карданд. Ин ҳолатест, ки ҳангоми он одам қариб ҳеҷ чиз нахӯрда, худро ба ҳолати ниммурдагӣ мерасонад. Агар шумо дар худ нишонаҳои анорексияро пай баред, ёрдам пурсед. Бо падар, модар ё ягон шахси калонсол, ки ба ӯ бовар доред, дар ин бора гап занед.
Мегӯянд, ки «гап дар сират аст, на дар сурат». Хушрӯгии ҳақиқӣ дар рангу рӯ, қаду баст ва ё китфу бозу нест, балки дар хислатҳои неки одам аст.
"Шахсияти навро дар бар кунед."
«Бигзор зебоии шумо на дар ороиши зоҳирӣ... балки дар ботин бошад».
Ҳарчанд ба рангу рӯйи худ аҳамият додан нодуруст нест, аз ҳама муҳим он аст, ки мо чӣ гуна шахсем. Одаме, ки хислатҳои хуб дорад, назар ба шахси хушрӯе, ки хислатҳои хуб надорад, бештар ба дигарон маъқул аст. Одами хушрӯй тез ба чашми дигарон меафтад. Лекин дар хотири одамон пеш аз ҳама на зебогӣ, балки рафтору хислатҳои хуби шахс мемонад.
Оё шумо аз рангу рӯ ва ё қаду басти худ норозиед?
Оё шумо ягон бор фикр кардаед, ки барои хароб ва ё фарбеҳшавӣ дору хӯред?
Агар шумо метавонистед, чиро дар бадани худ дигар мекардед?
Агар шумо ба ду саволи аввал «ҳа» ҷавоб додед ва дар саволи сеюм се ва ё зиёда чизро интихоб кардед, дониста бошед: мумкин аст, ки дигарон чи хеле ки шумо худатонро безеб баҳо медиҳед, ин хел фикр надошта бошанд. Агар шахс аз рангу рӯ ва ё қаду басти худ норозӣ бошад, метавонад аз ҳад гузарад ва тамоми ҳушу ёдашро ба ҳамин чиз равона созад.
Нодираҷон, барои ҳамин пеш аз ҳама аз паси саломатиатон шавед, то беҳбудӣ дошта бошед. Инчунин машқҳо ёрдам карда метавонанд. Саломатӣ беҳ аз зебоии ботинӣ.
Администрация вебсайта предлагает Вам услуги на условиях, изложенных в настоящем пользовательском Положении. Все материалы, публикуемые на вебсайте www.afif.tj носят исключительно информационный характер. Владелец и создатель вебсайта РОО «Афиф» не несет ответственности за использование материалов, доступных на данном информационном ресурсе. Рекомендации медицинских специалистов и экспертов, размещаемые на вебсайте, не являются врачебными предписаниями. Посетитель вебсайта принимает на себя все риски, связанные с использованием информации и рекомендаций экспертов. Ни при каких условиях и обстоятельствах, ответственность за последствия, которые прямо или косвенно повлекло за собой использование информации или рекомендаций, размещенных на вебсайте www.afif.tj, не может возлагаться на владельцев и создателей сайта и быть основанием для их судебного преследования. Администрация вебсайта не несет ответственности за посещение и использование Пользователем внешних ресурсов, ссылки на которые могут содержаться на нем. Материалы вебсайта используются исключительно в некоммерческих целях, в связи с чем, их коммерческое применение запрещено.