Воалейкум ассалом. Имрӯз мо мунтазам дар ахбор ва расонаҳои хабарӣ мешунавем, ки ҷиноят, миллатпарастӣ, зӯроварӣ ва ҷанг, ки олудаи нафрат аст, дар ҳама ҷо авҷ гирифтааст.
Вақтҳои охир дар ахбор ва расонаҳои хабарӣ бештар гуфтор, паёмҳои электронӣ ва ҷиноятҳое қайд мешаванд, ки олудаи нафратанд. Ба болои ин рӯйбинӣ, бадгумонӣ, пастзанӣ, таҳдидҳо ва зиёнкорӣ дар миёни одамон торафт меафзояд. Бале, нафрат ҳама ҷоро фаро гирифтааст!
Дар гузашта одамоне буданд, ки суханони талхро мисли тир равона мекарданд ва ба зӯроварӣ даст зада дар ҷангҳо иштирок менамуданд. Дар ҳақиқат нафрат ба авҷи худ расидааст.
Чунки муҳаббати бисёриҳо сард шудааст. Барои ҳамин имрӯз одамон бештар хислатҳои нафратангезро зоҳир мекунанд. Тамоми ранҷу азоберо, ки нафрату бадбинӣ ба одамон мерасонанд, аз байн бурдан мумкин аст.
Фикру ниятҳои дигаронро фаҳмида натавонем ҳам, кӯшиш карда ба дигарон бо як чашм нигариста метавонем. Аз ин рӯ ба одамон дар маҷмӯъ неву дар алоҳидагӣ баҳо диҳед. Агар пай баред, ки нисбати ягон миллат ё нажод бадгумонӣ доред, аз Худо мадад пурсед, то ин ҳиссиётро аз ақлу дилатон берун кунад ва ба мададатон расад.
Қасд нагиред. Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед... Ба қадри имкон, то ҷое ки аз дастатон меояд, бо ҳамаи одамон муросо кунед.
Албатта, вақте касе моро меранҷонад, ба ғазаб омадан як чизи табиӣ аст. Бо вуҷуди ин мо ба он шахс зарар нарасонем. Беҳтараш, ки доварӣ накунем, чунки як рӯз не, як рӯз адолат барқарор мешавад.
Вақте одами нокомил қасд мегирад, ба оташи нафрат равған мерезад. Аз ин рӯ, агар ягон кас шуморо хафа карда бошад, дар ҷавоб ӯро хафа накунед. Баръакс, оромӣ ва худдориро нигоҳ доред. Дар баъзе мавридҳо оиди кори шудагӣ фаромӯш кардан беҳтар аст. Аммо воқеаҳое мешаванд, ки дар бораашон ҳатман гуфтан лозим. Масалан, агар шуморо ғорат кунанд, шояд дар ин бора ба полис ё дигар кормандони дахлдор хабар диҳед. Қасдгирӣ ба худи шахс зарар меорад. Вале агар ба назаратон мушкилиро оромона ҳал кардан номумкин тобад-чӣ? Ё фарз кардем барои оромона ҳал кардани мушкилие шумо ҳар кори аз дастатон меомадаро кардед. Чи хеле набошад, қасд нагиред, охир ин вазъиятро аз будаш бадтар мекунад. Ба ҷойи ин занҷири нафратро канед. Боварӣ дошта бошед, ки мушкилӣ ҳал мешавад.
Нафратро аз ақли худ берун кунед. Танҳо суханони нешдор нагуфтан ё рафтори бад надоштан кифоя нест. Мо бояд фаромӯш накунем, ки нафрат аввал дар ақлу дили инсон пайдо мешавад. Бинобар ин, ҳамин ки заррае ҳисси нафратро дар худ пай бурдем, бояд дарҳол онро решакан кунем. Танҳо дар ин сурат мо дигаргун шуда занҷири нафратро канда метавонем.
Бахтиёр, бодиққат дар бораи фикр ва ҳиссиётатон нисбати дигарон андеша ронед, махсусан нисбати онҳое, ки нажод ё миллаташон дигар аст. Аз худ пурсед: «Ман дар бораи онҳо чӣ ақида дорам? Оё ақидаи ман дар асоси донишест, ки шахсан дар бораи онҳо дорам ё ман рӯйбинӣ мекунам?» Барои ҳамин дар интернет маълумотеро, ки ҳисси нафратро бармеангезад, тамошо накунед ва нахонед. Ба фикрронӣ ва ҳиссиётамон дуруст баҳо додан на ҳама вақт осон аст. Мо метавонем, нафратро, ки дар ақлу диламон «мустаҳкаму устувор» аст, бартараф намоем.
Бо эҳтиром Ризвона.
Администрация вебсайта предлагает Вам услуги на условиях, изложенных в настоящем пользовательском Положении. Все материалы, публикуемые на вебсайте www.afif.tj носят исключительно информационный характер. Владелец и создатель вебсайта РОО «Афиф» не несет ответственности за использование материалов, доступных на данном информационном ресурсе. Рекомендации медицинских специалистов и экспертов, размещаемые на вебсайте, не являются врачебными предписаниями. Посетитель вебсайта принимает на себя все риски, связанные с использованием информации и рекомендаций экспертов. Ни при каких условиях и обстоятельствах, ответственность за последствия, которые прямо или косвенно повлекло за собой использование информации или рекомендаций, размещенных на вебсайте www.afif.tj, не может возлагаться на владельцев и создателей сайта и быть основанием для их судебного преследования. Администрация вебсайта не несет ответственности за посещение и использование Пользователем внешних ресурсов, ссылки на которые могут содержаться на нем. Материалы вебсайта используются исключительно в некоммерческих целях, в связи с чем, их коммерческое применение запрещено.