Салом волиди мӯҳтарам.
Дар бештари оилаҳо чунин вазъият мушоҳида карда мешавад.
Биёед баъзе мушкилиҳоеро, ки падарон бо онҳо дучор мешаванд, дида бароем.
1. НОРАСОИИ ВАҚТ. Дар бисёр мамлакатҳо оиларо асосан падарон таъмин мекунанд. Бисёр вақт кори онҳо талаб мекунад, ки вақти зиёдашонро дар ҷои кор гузаронанд. Дар баъзе ҷойҳо падарон бо фарзандони худ бениҳоят кам вақт мегузаронанд.
МУЛОҲИЗА РОНЕД. Шумо барои писаратон чӣ қадар вақт ҷудо мекунед? Хуб мебуд, агар дар давоми як ё ду ҳафтаи дар пешистода вақтеро, ки шумо ҳар рӯз ҳамроҳи ӯ мегузаронед, нависед. Натиҷаҳои ба дастомада шояд шуморо ба ҳайрат оранд.
2. НОРАСОИИ НАМУНАИ ХУБ. Дар баъзе мавридҳо мардон падари худро хуб медонанд, лекин муносибати байни онҳо вайрон аст. «Ба падарам душвор буд, ки ба ман меҳрубонӣ зоҳир кунад. Барои ҳамин, ман бояд сахт кӯшиш кунам, то бо писарам бештар меҳрубон бошам».
МУЛОҲИЗА РОНЕД. Оё шумо ҳис мекунед, ки муносибате, ки худи шумо бо падаратон доштед ба тарзи муносибати шумо ва писаратон таъсир мекунад? Оё шумо диққат додаед, ки шумо ба одатҳои хуби падаратон пайравӣ карда истодаед ё ба одатҳои бади ӯ?
3. НОРАСОИИ МАСЛИҲАТИ ОҚИЛОНА. Дар баъзе маданиятҳо дар тарбияи фарзанд нақши падарро камаҳамият меҳисобанд. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки ғамхорӣ нисбати фарзандон ин кори зан аст». Дар дигар маданиятҳо бошад, падарон ташвиқ карда мешаванд, ки дар тарбия танҳо сахтгиру бадқаҳр бошанд. «Дар маданияти ман падарон бо фарзандонашон бозӣ намекунанд, зеро метарсанд, ки ин обрӯи онҳоро паст мезанад. Барои ҳамин, ман ҳамеша ҳангоми бо писарам вақт гузарондан ба ташвиш меоям».
МУЛОҲИЗА РОНЕД. Дар маҳалли шумо нақши падар аз чӣ иборат аст? Оё ба шумо чунин ақидаро таълим додаанд, ки ба воя расондани кӯдак кори зан аст? Оё падарон ташвиқ карда мешаванд, ки ба писаронашон муҳаббату навозиш зоҳир кунанд ё аксарияти одамони маҳаллатон чунин мешуморанд, ки ин кор ба падарон нораво аст?
Писарон гӯё бо чунин хоҳиш таваллуд мешаванд, ки ба падарашон тақлид кунанд. Пас, вақте ки писари шумо ҳоло хурд аст, ин хоҳиши ӯро дуруст истифода баред. Инро шумо чӣ тавр карда метавонед? Ва кай шумо метавонед вақт ёбед, ки онро бо ӯ гузаронед?
Ҳар вақте ки тавонед, писаратонро ба корҳои ҳаррӯзаи худ ҳамроҳ кунед. Масалан, агар шумо бо корҳои хона машғул бошед, ӯро таклиф кунед, ки ба шумо ёрдам диҳад. Метавонед ба ӯ ҷорӯбча ё белча диҳед. Бешубҳа вай хурсанд мешавад, ки дар паҳлӯи падараш, ки барояш чун қаҳрамон ва намуна аст, кор мекунад! Ин шояд барои ба анҷом расондани кор аз шумо вақти зиёдро талаб намояд, лекин муносибатҳои байни шумо мустаҳкам мешаванд ва шумо ба ӯ меҳнат карданро ёд медиҳед. Хеле пеш падарон бармеангехта мешуданд, ки фарзандонашонро дар корҳои ҳаррӯзаи худ ҳамроҳ кунанд ва он имкониятҳоро барои муошират кардан ва таълим додани онҳо истифода баранд. Чунин маслиҳатҳо то ҳол ба кор бурда мешавад.
Ғайр аз он ки ҳамроҳи писаратон кор кунед, вақт ёбед, ки ҳамроҳи ӯ бозӣ кунед. Бозӣ кардан на фақат барои якҷоя хурсандӣ намудан имконият медиҳад. Вақте ки падарон бо фарзандони хурдсоли худ бозӣ мекунанд, онҳо фарзандонашонро ба далеру ҷасур будан бармеангезанд.
Бозӣ байни падару писар ҳатто вазифаи аз ин муҳимтарро иҷро мекунад. Дар давоми бозӣ падар метавонад ба писараш, ҳам бо сухан ва ҳам бо амал меҳрубониашро зоҳир кунад. Бо ин ӯ ҳамчунин ба писараш зоҳир кардани меҳрубониро ёд медиҳад.
Як мавриди дигаре, ки муҳаббати падару писарро мустаҳкам гардонда метавонад — ин пеш аз хоб кардан аст. Мунтазам ба ӯ ягон ҳикояеро хонед ва вақте ки ӯ ба шумо хурсандӣ ё ташвишҳои рӯзи ба анҷом расидаро нақл мекунад, ботаваҷҷӯҳ бошед. Агар ин тавр кунед, дар айёми калон шудани писаратон, барои ӯ муоширатро бо шумо давом додан осонтар мегардад.
Машғулияти дӯстдоштаи ӯро дастгирӣ кунед
Шояд ба назар чунин тобад, ки баъзе писарони ба балоғатрасида ба кӯшиши муоширати падар беаҳамиятанд. Вақте ки писаратон ба саволҳои шумо ҷавоб намедиҳад, ин маънои онро надорад, ки вай дигар сӯҳбат карданӣ нест. Агар бо ӯ тарзи муошират карданро тағийр диҳед, ӯ шояд бо омодагӣ дили худро мекушояд.
Чӣ агар писаратон ба варзиш шавқ надошта бошад? Метавонед шабонгоҳ дар берун дар ҳавои салқин нишинед. Сипас худро бо ягон чизи гарм пӯшонда, ба дастатон стакони чой гирифта, дар бораи корҳои шахсиатон гап занед.
Чӣ агар он чизе ки писаратон ба он шавқ дорад, ба шумо маъқул нест? Дар чунин маврид, шояд ба шумо лозим меояд, ки хоҳиши худро ба як тараф гузоред Шояд шумо ба варзиш назар ба писаратон, шавқи хеле зиёд доред. Ӯ бошад ба самолёт ва компютер шавқ дорад. Пас кӯшиш кунед, ки дар бораи ин чизҳо низ шавқ пайдо кунед ва ӯро ба намоишгоҳи самолётҳо баред ва дар компютер чун пилот самолётро идора кунед. Аз сабаби он ки якҷоя дар фаъолияти хурсандиовар иштирок мекунед, ба муоширати ошкорову кушодтар майл пайдо мекунад.
Писаратон бешубҳа ба таъриф ниёз дорад, то ба балоғат расида, бомулоҳизаву соҳиби ақли солим бошад
Дар маҳалли мо нишон додани муҳаббат ва таваҷҷӯҳ ба фарзанд душвор аст. Шояд дар оилае ба воя расидаем, ки волидон бештар ба хатогиҳо диққат медоданд на ба муваффақият. Агар дар мавриди шумо низ чунин бошад, бароятон кӯшиши зиёд кардан лозим аст, то ба писаратон ҳисси худбовариро тарбия кунед.
Шумо ҳамчунин метавонед ҳисси худбоварии писаратонро зиёд гардонед, бо он ки ба ӯ кӯмак кунед то дар ҳаёташ мақсадҳои арзиштареро гузорад. Ба худ хотиррасон кунед, ки "писарам барои ба мақсадаш расидан, бояд мувофиқи қобилияти худ ҳаракат кунад, на ин ки ман ба ӯ фишор оварам". Агар шумо нуқтаи назари писаратонро гӯш кунед, барои кори хубаш вайро таъриф кунед ва барои бартараф кардани нобарориҳояш ӯро рӯҳбаланд созед, шумо барои расидан ба мақсадаш ба ӯ кӯмак хоҳед кард.
Бояд гуфт, ки дар муносибати шумо нофаҳмиҳо ва душвориҳо хоҳанд буд. Аммо ба ҳар ҳол, ба ин нигоҳ накарда, писаратон эҳтимол хоҳиш пайдо мекунад, то бо шумо наздик бошад. Охир, кӣ намехоҳад, ки ба он шахсе наздик бошад, ки барои муваффақ гаштан кӯмак мерасонад!
Волиди мӯҳтарам, дар ин ҷо якчанд маслиҳатҳое низ буданд, ки барои писарони хурдсолатон фоидаовар аст. Албатта муносибати шумо бо писари калониатон начандон хуб бошад ҳам, рӯҳафтода нашавед. Ва кӯшишатонро давом диҳед. Аз шумо ҳаракат ва Падари бузургамон кӯшишҳоятонро баракат медиҳад.
Бо эҳтиром, Ризвона.
Администрация вебсайта предлагает Вам услуги на условиях, изложенных в настоящем пользовательском Положении. Все материалы, публикуемые на вебсайте www.afif.tj носят исключительно информационный характер. Владелец и создатель вебсайта РОО «Афиф» не несет ответственности за использование материалов, доступных на данном информационном ресурсе. Рекомендации медицинских специалистов и экспертов, размещаемые на вебсайте, не являются врачебными предписаниями. Посетитель вебсайта принимает на себя все риски, связанные с использованием информации и рекомендаций экспертов. Ни при каких условиях и обстоятельствах, ответственность за последствия, которые прямо или косвенно повлекло за собой использование информации или рекомендаций, размещенных на вебсайте www.afif.tj, не может возлагаться на владельцев и создателей сайта и быть основанием для их судебного преследования. Администрация вебсайта не несет ответственности за посещение и использование Пользователем внешних ресурсов, ссылки на которые могут содержаться на нем. Материалы вебсайта используются исключительно в некоммерческих целях, в связи с чем, их коммерческое применение запрещено.