Welcome to the website www.afif.tj – the Medical information web platform where you can get necessary information about HIV and AIDS, viral hepatitis, tuberculosis, drug addiction, sexually transmitted infections (STI) and skin diseases and receive the legal advice of professional lawyer.

Эълон оиди ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба вазифаи кормандони тандурустии ҷамъиятӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Хуросон

Afif new

 

 

 

 

 

 

Эълон оиди ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба вазифаи кормандони тандурустии ҷамъиятӣ

 

Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» (ТҶҶ «Афиф») ташкилотест, ки саъю кӯшиши он ба мақсади таъмини эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ниёзмандон бо амалисозии чорабиниҳои ҷамъиятии муфиди башардӯстона, иҷтимоӣ, тиббӣ, иттилоотӣ, маърифатӣ, тадқиқотӣ, фарҳангӣ, экологӣ, сайёҳӣ ва варзишӣ равона гардидаанд.

Намояндагии ТҶҶ «Афиф» дар вилояти Хатлон барои ишғоли ҷойҳи кории холӣ ба вазифаи корманди тандурустии ҷамъиятӣ дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон озмун эълон мекунад.

Тавсиф: Ҳадафи Лоиҳа пешбурди қарорҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок, барои баланд бардоштани сатҳи ташхиси барвақтии бемории сил, қатъ кардани давраи интиқоли сироятӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба табобати ҳамаи шаклҳои беморӣ ва баланд бардоштани шифоёбӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.(Созишномаи ҳамкории № 72011922CA00001).

Мӯҳлати фаъолият: 1 феврал соли 2025 – 30 сентябри соли 2025

Минтақаҳои фаъолият: вилояти Хатлон ноҳияҳои Бохтар – 1 нафар ва Н. Хусрав 1 нафар

Тавсифи ӯҳдадориҳои вазифавӣ:

Ҳадафи асосии ӯҳдадориҳои иловагӣ ин ҷалби ҷомеа ба чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани дарёфт ва табобати бемории сил, инчунин пешгирии беморӣ бо ёрии шабакаи муқарраршудаи кормандони соҳаи тиб, ва бахусус ҷорӣ намудани Варақаи Инфиродӣ (ВИ) дар сатҳи КАТС мебошад:

-      Таъмини мавҷудияти Варақаҳои Инфиродӣ

-      Омӯзиши кормандони КАТС оид ба пур кардани Варақаи Инфиродӣ

-      Мониторинги сифати пур кардани Варақаи Инфиродӣ

-      Ҳамоҳангсозии кӯшишҳо ва фаъолиятҳо байни СЭС, КАТС ва МҲАБС

-      Ҳамоҳангсозии расонидани кумаки иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ.

-      Сари вақт пешниҳод кардани дархостҳо барои гирифтани шумораи зарурии Варақаи Инфиродӣ.

-      Бовар ҳосил кардан ба он, ки шакли Варақаи Инфиродӣ дар КАТС барои пур кардан дастрасанд.

-      (Таъмини мавҷудияти шакли Варақаи Инфиродӣ дар КАТС барои пур кардан)

-      Омӯзиши кормандони КАТС оид ба амалияи пуркунии Варақаи Инфиродӣ.

-      Санҷиши дурустии маълумоти воридшуда ҳангоми пур кардани Варақаи Инфиродӣ аз ҷониби кормандони КАТС

-      Муқоиса кардани рӯйхати беморони сил бо маълумоти МҲАБС ва СЭС.

-      Гирифтани рӯйхати шахсони алқаманд аз СЭС барои ҳар як ҳолати индексӣ.

-      Бовар ҳосил кардан ба он, ки кормандони КАТС барои ҳар як шахси алоқаманди гирифтори бемории сил, диабети қанд ва муҳоҷири меҳнатӣ Варақаи Инфиродӣ пур мекунанд.

-      ( Таъмини пур кардани Варақаи инфиродӣ аз ҷониби кормандони КАТС барои ҳар як шахси алоқаманди гирифтори бемории сил, диабети қанд ва муҳоҷири меҳнатӣ)

-      Сари вақт пешниҳод намудани Варақаи Инфиродии пуркардашуда ба мутахассиси базаи маълумоти ташкилоти шарик.

-      Пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯзаи мухтасари тавсифӣ ба намояндаи (менеҷери зермиллии) Лоиҳаи USAID оид ба бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон оид ба шумораи Варақаҳои Инфиродии пуркардашуда барои ҳар як алоқаманди бемории сил, бемори гирифтори диабети қанд ва муҳоҷири меҳнатие, ки давоми 12 моҳи охир ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаштааст.

-      Пешниҳоди ҳармоҳаи пурсишномаи пуркардашуда оид ба баҳодиҳии ниёзҳои бемор барои ҳар як ҳолати нав то анҷоми табобат.

Ҳисоботдиҳӣ: Корманди тандурусти ҷамъиятӣ бевосита ба Ҳамоҳангсози Намояндагии ТҶҶ «Афиф» дар вилояти Хатлон ҳисобот медиҳад.

Талаботҳои асосӣ ба номзадӣ:

  • сокини маҳаллии ноҳияҳои номбурда;
  • соҳиби маълумоти тиббӣ (хатмкунандаи Донишгоҳи тиббӣ ё Коллеҷи тиббӣ);
  • донистани хуби забони тоҷикӣ, (забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ ба инобат гирифта мешавад);
  • доштани малакаҳои асосии кор бо компютер;
  • шахсияти хушмуомила, боэҳтиром ва дорои малакаи хуби муоширатӣ.

Номзадҳо метавонанд ба суроғаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ё ба идораи Намояндагии ТҶҶ “Афиф” дар вилояти Хатлон, ш. Бохтар, кӯчаи Сино, бинои 20, утоқи 11, мактуби таваҷҷӯҳ, резюме ва тавсияномаи худро ирсол намоянд.

Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди хуҷҷатҳо 24 январи соли 2025 то соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.

Танҳо номзадҳои ба рӯйхати пешакӣ воридшуда ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.

Телефон барои маълумот: +992 93 704 50 50




Questions and answers

Our experts

The number of provided answers per topics:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2025 RPO «Afif»
The website administration offers you services on the terms and conditions set out in this Terms and Conditions. All materials published on the website www.afif.tj are purely informative. The owner and creator of web platform AFIF is not responsible for the use of materials available on this information resource. The recommendations of health specialists and experts posted on the website are not medical prescriptions. A website visitor assumes all risks associated with the use of information and experts’ advices. Under no conditions and circumstances, responsibility for the consequences that directly or indirectly entailed the use of information or recommendations posted on the website www.afif.tj, cannot be entrusted to the owner and creator of the site and be grounds for their prosecution. The website administration is not responsible for visiting and using external resources by the User, the links to which may be contained on it. The materials of the website are used exclusively for non-commercial purposes, and therefore their commercial use is prohibited.