Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Афиф» (ТҶҶ «Афиф») ташкилотест, ки саъю кӯшиши он ба мақсади таъмини эҳтироми ҳуқуқҳои инсон ва расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба ниёзмандон бо амалисозии чорабиниҳои ҷамъиятии муфиди башардӯстона, иҷтимоӣ, тиббӣ, иттилоотӣ, маърифатӣ, тадқиқотӣ, фарҳангӣ, экологӣ, сайёҳӣ ва варзишӣ равона гардидаанд.
ТҶҶ «Афиф» барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ ба вазифаи корманди тандурустии ҷамъиятӣ дар доираи Лоиҳаи USAID оид ба бартараф намудани бемории сил дар Тоҷикистон озмун эълон мекунад (Созишномаи ҳамкории № 72011922CA00001).
Тавсиф: Ҳадафи Лоиҳа пешбурди қарорҳои аз ҷиҳати илмӣ асоснок, барои баланд бардоштани сатҳи ташхиси барвақтии бемории сил, қатъ кардани давраи интиқоли сироятӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба табобати ҳамаи шаклҳои беморӣ ва баланд бардоштани шифоёбӣ, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Мӯҳлати фаъолият: 1 апрел – 30 сентябри соли 2024
Минтақаҳои фаъолият: ноҳияҳои вилояти Хатлон
ноҳияҳо | шумораи кормандон |
Ҷайхун | 2 |
Панҷ | 2 |
Тавсифи ӯҳдадориҳои вазифавӣ:
- эпидемиологи Маркази назорати санитарию эпидемиологии ноҳия;
- табибони оилавии Муассисаи кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия;
- силшиносони ноҳия.
- баланд бардоштани сатҳи ташхиси барвақтии сил;
- беҳтар кардани дастрасӣ ба табобат;
- пурзӯрсозии табобати пешгирикунандаи бемории сил ба алоқамандони беморон;
- кӯмакрасонии иҷтимоии беморони гирифтори ҳама шаклҳои бемории сил барои риояи реҷаи табобатӣ.
- шумораи аҳолие, ки бо машваратҳо дар бораи бемории сил фаро гирифта шудаанд;
- шумораи шахсоне, ки бо истифода аз саволномаи хаттӣ оид ба аломатҳои бемории сил муоина шудаанд;
- шумораи нафароне, ки бо санҷиши рақамии рентгенӣ фаро гирифта шудаанд;
- шумораи шахсони равонашуда барои ҷамъоварии балғам ва санҷиши GeneXpert;
- шумораи ҳолатҳои нави бемории сил, ки бо кӯшиши корманди тандурустии ҷамъиятӣ бо бемории сил ташхис шудаанд;
- шумораи ва фоизи алоқамандони шахсони гирифтори бемории сил, ки бо табобати пешгирикунанда фаро гирифта шудаанд;
- шумораи беморони нав ошкоршудаи бемории сил, ки дар давоми як моҳи пурра аз санаи оғозёбии табобат зери назорати мустаъқим дорувориҳои зиддисилиро истеъмол кардаанд;
- шумораи беморони нав ошкоршудаи сил, ки ҳар ҳафта то ба итмом расидани табобат аз ҷониби кормандони тандурустии ҷамъиятӣ хабар гирифта шудаанд;
- шумораи муроҷиатҳо ба силшиноси масъули табобат, нисбати таъсири номатлуби дорувориҳои зиддисилие, ки бемор истеъмол мекунад;
- шумораи беморони гирифтори сил, ки аз манбаъҳои дастраси дастгирии иҷтимоӣ маълумот гирифтаанд ва шумораи бемороне, ки аз ин манбаҳо кӯмак гирифтаанд;
Ҳисоботдиҳӣ: Корманди тандурусти ҷамъиятӣ бевосита ба мутахассиси лоиҳа ҳисобот медиҳад.
Талаботҳои асосӣ ба номзад:
Номзадҳо метавонанд ба суроғаи электронии This email address is being protected from spambots. You need JavaScript enabled to view it. ё ба идораи Намояндагии ТҶҶ “Афиф” дар вилояти Хатлон, ш. Бохтар, кӯчаи Сино, бинои 20, утоқи 11, ариза ва тарҷумаи ҳоли худро ирсол намоянд.
Мӯҳлати ниҳоии пешниҳоди ариза ва тарҷумаи ҳол 17 марти соли 2024 то соати 17:00 ба вақти маҳаллӣ мебошад.
Танҳо номзадҳои ба рӯйхати пешакӣ воридшуда ба мусоҳиба даъват карда мешаванд.
Телефон барои маълумот: +992 93 701 35 00