Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Ҳикояи бомуваффақият

 vitali

«Ӽайѐти ман аз ду давра иборат аст. Қисмати аввали ӽайётам пур аз ҷушӯ хурӯш ва талош барои илму дониш касбу ӽунар ва ташкили ӽаёти мустақилона буд. Таӽсили баъди мактабиамро дар омӯзишгоӽи касбӣ-техникии шаӽри Амвросиевкаи вилояти Донетски Ҷумӽурии Украина оғоз кардам. Сипас хизмати ӽарбиро дар дивизияи 201-ӯми қушунӽои сарӽадӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон давом дода, соли 1993 хизматро хатм намудам. Баъди хизмат, азбаски шароити зиндагӣ душвор буд, ба хариду фурӯши чакка ва кабудиӽо оғоз кардам. 

давомашро хонед...

1ubaid

Ман ҳамон ват 16 сола будам, фарзанди калонии хона башумор мерафтам. Баъди вафоти модарам, ман вақти бисёри худро бо бачаҳои сину соли калон аз худам мегузаронидам, онҳо носу сигарет мекашиданд. Ҳеҷ кадом аз аъзои оилаамон манро барои вақтгузарони бо писарони сину солашон калон монеъ намекарданд. Вақт гузарони бо онҳо ба ман шавқовар буд.  Ман пайхас намудам, ки як гурӯҳи онҳо ба ғайр аз носу сигор дигар маводро низ паноҳӣ аз дигарон истеъмол мекарданд. Ба ман шавқовар шуд ва хостам ба ин гурӯҳҳамроҳ шавам. Вақтҳои аввал ман сигор мекашидам, баъди якчан моҳ ба кашидани нос гузаштам. Рӯзе аз рзҳо аммакам, ки дар гурӯхҳ сину соли калонсолон буд, ба ман як қуттии гӯгирдчӯбро дода, хоҳиш намуд, ки   ин қуттиро ба ҷӯрааш, ки дар даҳлези хонаи бисёрошёнаамон интизор буд, бурда диам...

давомашро хонед...
       

2talabsho

Шарипов Талабшои 41 сола  дар зиндагӣ ба бисёр душвориҳо дучор шуд.  Азбаски  дар оила фарзанди калонӣ ба ҳисоб мерафт аз 15 солагӣ ба кор машғул шуд, то ки оилаи худро бихӯронад. Дар 20 солагӣ ба мардикорӣ ба ш. Санк-Петербург рафта, дар давоми 2 сол   бо ҳар гуна кор машғул мешавад.  Ҳамон вақт ӯ ба гурӯҳе, ки бо дуздӣ машӯул буданд,  ҳамроҳ  шуд ва  маводи анашаро якумин маротиба истеъмол кард. Баъди як сол ӯро депортатсия карданд ва дар Тоҷикистон ӯ истифодаи маводҳои нашъаро давом дода, баътар героинро ба тарзи тазриқӣ истифода бурд. Барои дарёфт намудани  мавод ба дуздӣ даст мезад. 

давомашро хонед...

3gulruhsortj

"Вақте, ки ман фаҳмидам, ки падарам ба ман падари ҳақиқӣ нест, ман ӯро дигар ҳамчун падар қабул накардам. Ман вақти холигии худро бо дугонаҳоям ва дӯстони онҳо сарф мекардам. Пас аз мактаб, дӯстони дугонаҳоям моро ба мошинҳои худ савор мекарданд, мо хурсандӣ мекардем, мо худро калонсол ҳис мекардем. Ман ба хона дер меомадагӣ шудам. Хамон сол, вақте, ки дар синфи нӯҳ мехондам, манро шиноси дугонаам таҷовуз кард. Модарам ҳеҷ чизро намедонист. Баъдтар ман фаҳмид, ки ҳомиладор шудаам. Ба воҳима афтода ман ба он ҷавон занг задам ва дар бораи ҳомиладориам нақл кардам. Модарам гуфтугӯи маро шунид» - таърихашро нақл мекунад Гулрухсор.

давомашро хонед…

4nazokattj  «Ӯ маро чунон сахт мезад, ки ман беҳуш мешудам, бадани ман ба як халтаи каб кабуд табдил меёфт. Ман ӯро хеле метарсидам... Ҳар пегоҳ ман худро ба латукӯбҳои нав тайёр мекардам. Ман намедонистам, ки дар бораи ғаму андӯҳи худ бо кӣ сӯҳбат кунам, дардамро ба кӣ гӯям. Ман ҳатто телефон надоштам, ки ба падару модарам занг занам,дӯсте надоштам, ки дардудил кунам. Аз хона гурехтан ҳам наметавонистам, охир бе пул дар шаҳри бегона ман ба куҷо мерафтам... ", - нақл мекунад Назокат.

Зани якуми шавҳар тез-тез ба хонаи Назокат меомадагӣ шуд, вай ба Назокат гуфт, ки шавҳари онҳо “нашъаманд” аст. Шавҳараш зани якуми худро, бародари хурдиаш ва келинашонро низ ҳамеша латукӯб мекардааст.

давомашро хонед...

5zebotj  

Ҳоло Зебо хандида истодааст. Ӯ умеди ояндаро дарёфт намуд. Вақте буд, ки ҳама аз ӯ рӯй гардонданд. Ба назараш ҳаёт ба охир расида буд. Наздиконаш ӯро қабул накарданд ва намефаҳмиданд. Саломатиаш рӯз аз рӯз бадтар мешавад ро ба ҷое ба кор қабул намекарданд, ӯ бо се фарзанди худ бе хонаю дар буд, ва сабаби ҳамаи ин ҳодисаҳо сирояти ВНМО шуд. Дар ҳолати вазнин, бе ягон умед барои наҷот, Зебо дар Беморхонаи бемориҳои сироятии шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) бистарӣ мешавад.

Зебо дар соли 1995, баъди аз шавҳараш ҷудо шуданаш, барои кор кардан ба Федератсияи Русия меравад. Ҳамроҳи худ фарзандони хурдсолашро низ мебарад. 

давомашро хонед...

6mavzunatj

 «Ҳангоми кӯдакӣ, ман ва бародаронам аз озмоишҳои душвори зиндагонӣ гузаштем. Падарамон ҳамеша маводи нашъа истиффоада мебурд, модарамон бошад фарош буд. Азбаски маоши модарам кам буд ва пули коркардаи ӯ барои мо кифоя набуд, модарам маҷбур шуд барои пул кор кунӣ ба Россия равад. Пас аз муддате аз рафтани модарам падарам ба зиндон афтод. Ман дар миёни чор бародарону хоҳарон фарзандани калонӣ будам ва ман барои тарбияи хоҳарону бародаронам ҷавобгар шудам", - қиссаашро нақл мекунад Мавзуна.

давомашро хонед...

7osimjontj  

«Ман дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда калон шудам. Пас аз хатми мактаб ба Донишкада дохил шудам. Соли 2001 бо мақсади барои хонадоршавиам пул коркардан ман рухсати академӣ гирифта ба Москва ба кор рафтам. Ҷои кори хуб ёфта, ман қарор кардам, ки то он, ки пули бисёр пайдо накунам ба Тоҷкистон баргашта намеравам» - бо ин суханон Осим нақли ҳикояи худро оғоз намуд.

Дар яке аз шабнишиниҳо ба вай героин пешниҳод карданд, вай дар аввал рад кард, аммо баъд аз кунҷковӣ ва барои нишон надодани сустиродагии худ ӯ героинро истеъмол кард. 

давомашро хонед...

8tahminatj

 

«Вақте, ки дар синфи 4 будам, ҳамчун аксар оилаҳои тоҷик дар деҳот, волидайни ман аллакай панҷ фарзанд доштанд. Аз сабаби таваллуд кардани зиёд ва нигоҳубини панҷ кӯдаки хурд, модарам бемор шуда, бистарӣ шуд. Ман маҷбур шудам, ки мактабро тарк кунам ва тамоми бори гарони рӯзғорро ба худ гирам» – нақли қиссаи худро шурӯъ намуд Тахмина.

Тахмина тамоми кори рӯзғорро иҷро мекард, бародарону хоҳарони худро ба мактаб гусел карда, аз мактаб пешвоз мегирифт. Модараш аксар вақт дар беморхонаҳо мехобид. Падараш тамоми рӯз кор мекард ва шабона дер ба хона меомад.

давомашро хонед...

 

9idimattj  "Бо шарофати лоиҳа, ман дар бораи ВНМО иттилоот пайдо намудам. Вақте дар бораи сироят буданам бо ВНМО фаҳмидам, ҳаёт бароям тамом шуд. Аммо, бо дастгирӣ ва машваратҳои кормандони иҷтимоии лоиҳа, ман фаҳмидам, ки бо бемории ВНМО дуру дароз ва оромона ҳаёт бурдан мумкин аст, аз ин рӯ бемриямро оромона қабул кардам. Ҳоло ман табобати заруриро гирифта истодаам ва боварӣ дорам, ки ҳаёт идома дорад ва ман зиндагӣ хоҳам кард!» - навиштааст Идимат дар мактуби худ ба кормандони лоиҳа.

давомашро хонед...

10ulugbetj  "Ба ҳамагон маълум аст, ки барои шахси аз зиндон озодшуда ҳамеша ба ҷомеа мутобиқ шудан ва пайдо кардани ҷойи худ дар ҳаёт мушкил аст. Ман умедворам, ки атрофиён нисбати ман дастгирӣ ва ҳамдардиашонро дареғ нахоҳанд дошт", - мегӯяд Улуғбек.

Дар айни ҳол, Улуғбек, ки ҳаёти солими бе маводи мухаддирро пеша кардааст, бо меҳру муҳаббати оилаи худ иҳота шуда, барои оянда нақшаҳо кашида истодааст ва дар ҷустуҷӯи ҷойи кор аст.

давомашро хонед...

11murodtj

 «Баъди бозгашт аз Русия, ман бовар надоштам, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ карда метавонам. Дар оила маро қабул муштарии барномаи STARTнакарданд, ҳатто бо ман муошират намекарданд. Дар ин ҷо касе маро интизор набуд ва ман ба касе лозим набудам. Бо шарофати лоиҳаи USAID ва кормандони он, ман соҳиби дӯстони нав шудам, ки ҳамеша омодаанд ба ман дасти ёрӣ дароз кунанд. Ман ба мавҷудияти некӣ ва меҳрубонӣ бори дигар бовар кардам. Бо шарофати онҳо, ман аз нав соҳиби оила шудам" – мегӯяд Мурод.

давомашро хонед...

12faridaj  «Ба ман дастгирӣ зарур буд, хеле мехостам зиндагӣ карда, кор кунам. Бахти ман омад карду, чунин имконият бароям фароҳам шуд. Хонаи мо як духтари ситорагарме омад ва ақли маро равшан кард. Бо ӯ ҳамчун бо шахси баробар сӯҳбат карда тавонистам ва бори аввал дар бораи тарсу ҳарос ва ошуфтагиям озодона ҳарф задам. Ҳоло се моҳ мешавад, ки ман табобат карда истодаам ва ба кор ҳам баромадам. Ман аз кормандони Фонд хеле миннатдорам, ки онҳо бароям дари ояндаро во намуданд!» - мегӯяд Фарида дар бораи таассуроти худ.

давомашро хонед...

13mahmatj  

«Ман дар бораи метадон бисёр шунидам, аммо бовар надоштам, ки ин дору ба ман кумак мерасонад, зеро «ҳамсабақони» ман аз кӯча дар бораи таъсири манфии он нақл мекарданд. Баъди ҳамсӯҳбат шудан бо кормандони иҷтимоии «СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон» ман ба ҳамаи саволҳоям ҷавоб гирифтам. Онҳо ба ман дар бораи барномаи табобати ҷойивазкунандаи ёрирасон ва ҳамаи тарафҳои қабули метадон нақл карданд» - мегӯяд Маҳмад.

То иштирок дар барномаи табобатии ҷойивазкунандаи ёрирасон бо метадон, Маҳмад ҳамеша бо оилааш мушкилот дошт. «Росташро гӯям, ман умуман дар бораи оила ва се фарзандам фикр намекардам. Ман танҳо дар бораи чӣ тавр пайдо кардани нашъа фикр мекардам» - идома медиҳад қиссаи худро Маҳмад.

давомашро хонед...

14tszhtj

 “Занони гирифтори бемории ВНМО, пеш аз ҳама, ба кӯмаки равонӣ ва иҷтимоӣ ниёз доранд. Одатан, баъд аз фаҳмидани хабари гирифтори бемории ВНМО будани зан, хешовандони шавҳар ва волидони занони гирифтори бемории ВНМО дарҳол онҳоро аз хонаҳои худ берун мекунанд. Ба шарофати ҳамкории хуб бароҳмондашуда бо хадамоти давлатӣ, мо ба занон хизматрасонии иҷтимоӣ ва ҳуқуқии дархостшударо дар ҳолатҳои бӯҳронӣ таъмин мекунем”, - мегӯяд Хайдарова Таҳмина, сардори “Шабакаи Тоҷикистонии занони гирифтори ВНМО”

давомашро хонед...

15rustamtj

 "Вақте бародарон ва хоҳаронам дар бораи бемории ман фаъмиданд, аз ман канораҷӯӣ мекарданд, кӯшиш доштанд, ки аз ман дуртар бошанду, бо ман муошират накунанд. Вақте ман ба бемории сил гирифтор шудам, онҳо маро аз хона берун карда, дар анборхонаи бе фарш, бе шифт, бе дару тиреза ҷо карданд. Аъзоҳои оилаам ба ман хӯрок намедоданд ва намемонданд, ки аз ҷуммак об нӯшам. Доруҳоямро, ки аз маркази ВНМО гирифта будам, баъди хӯрок кардан лозим аст, аммо ман онҳоро қабул намекардам, зеро умуман хӯрок намехӯрдам. Ман ҳамеша гурусна будам. Рӯз ба рӯз вазъи саломатиам бадтар мешуд. Ман маргамро интизор будам”, - нақл мекунад Рустам.

давомашро хонед...

16hokimtj

 «Дар ҳаёти худ ман мушкилиҳои сершумореро паси сар кардам. Хиёнат ва танҳоиро эҳсос намудам. Эҳтироми қалбакиро нисбати боигарӣ ва муносибати нанговарро нисбати камбизоатиам фаҳмидам. Инро ба ман зиндагӣ бо маводи мухаддир сабақ дод. Ба аҳли хонадонам барои ҳамдардӣ ва дастгирӣ миннатдорам. Бо шарофати барномаҳои иҷтимоӣ, истифодабарандагони маводи мухаддир, мисли ман, худро шаҳрванди комили ҷомеа ҳис карда метавонанд» - мегӯяд Ҳоким.

давомашро хонед...

17usotj  “Аксари ташкилотҳои байналхалқӣ семинарҳои гароннарх ва кӯтоҳмуддат мегузаронанд, ки самарабахш нестанд ва барои такмил додани сатҳи дониши мутахассисон ва таъсири ҷиддӣ расонидан нокифояанд.

Курсҳои бозомӯзӣ ва ихтисоси аввалия ба табибони дар зиндон фаъолияткунанда имкон медиҳанд, ки тахассус ва музди меҳнати худро баланд бардоранд, - мегӯяд Шарипов А.А., сардори шӯъбаи бемориҳои сироятии Институти таҳсили баъдидипломии кормандони тиб.

давомашро хонед...

18sharifbekjjpg

Шарифбек Сафаров (аз чап) 54 сол дорад. Ӯ устоди варзиш оид ба гӯштини миллӣ, шаш карат чемпиони Тоҷикистон, номзад ба устоди варзиш оид ба дзюдо мебошад. Солҳои зиёд ӯ ҳамчун тренер фаъолият мекард. Вазъи душвори иқтисодии кишвар, нооромиҳои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ (солҳои 1992-1997) ва ҷараёни шаддиди воридшавии маводи мухаддир аз кишвари ҳамсоя - Афғонистон сабаби он градид, ки аксари ҷавонмардон, аз ҷумла Шарифбек, ба истеъмоли героин даст заданд.

даовмашро хонед...

   

 

 

 

  

 

  

 

 

 

 

 

 

 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

22.08.2019
USDUSD9.68TJSTJS
EUREUR10.75TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS

Меҳдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1674
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 364
    Оиди бемории сил
  • 660
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 392
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 233
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2019 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov