Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Таърихи таъсис

Дар асл Намояндагии ташкилоти башардӯстонаи ҳолландии «СПИД Фонд Восток-Запад» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (AFEW) фаъолияти худро дар кишвар аз 17 апрели соли 2017 оғоз намуд. Пас аз якчанд моҳ, 5 сентябри соли 2003, Намояндагӣ дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатӣ гузашт.

Аз он вақт ин ҷониб, Ташкилот дар ҳамкорӣ бо ташкилотхои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва байналхалқӣ 29 лоиҳаҳои профилактикӣ, ки ба пешгирии паҳншавии бемориҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим, тарғиботи тарзи ҳаёти солим ва ҳифзи саломатӣ равона гардидаанд, амалӣ намудааст.

Дар моҳи апрели соли 2013 аз ҷониби мақомоти идоракунандаи AFEW қарор оиди азнавташкилдиҳии ташкилот қабул шуд, ки дар натиҷаи он, дар асоси Намояндагии ташкилоти башардӯстонаи ҳолландии «СПИД Фонд Восток-Запад» Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ «СФШҒ-Тоҷикистон» таъсис дода шуд. Чунин азнавсозӣ ба Ташкилот имкон медиҳад, ки ба «замин» наздиктар шуда, захираҳои мавҷудбудаи моддӣ ва зеҳниро истифода намояд, барои мақсадҳои хайриявӣ ба раванди дарёфти маблағ ва гирифтани маблағ беҳбудӣ бахшида, ба таври самарабахш таҷрибаҳои бомуваффақияти исботшударо истифода намояд.  

Аз ҷониби Маҷлиси умумии муассисони СФШҒ-Тоҷикистон, 5 феврали соли 2019, бо назардошти хоҳиши Ташкилот оид ба васеъ намудани доира ва соҳаҳои фаъолияти худ, якдилона қарор қабул кард, ки Оиннома ва номи ташкилот тағйир дода шавад. 13 июни соли 2019 ин қарор аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд. Ҳоло Ташкилот дорои номи нав шудааст: Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Aфиф», давомати ҳуқуқҳои ташкилоти «СФШҒ-Тоҷикистон» буда, ҳадафи худро дар беҳбудӣ бахшидан ба саломатӣ ва некӯаҳволӣ инсон тавассути татбиқи фаъолиятҳои тиббию психологӣ, иҷтимоию маишӣ, таълимию иттилоотӣ, тарғиботию ҳуқуқӣ, илмию тадқиқотӣ, варзишию тандурустӣ, ҳифзи муҳити зист ва экологӣ мебинад.

Барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ Ташкилот дар татбиқи стратегияҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сифати зиндагӣ, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологӣ, иттилоот ва таълим додани аҳолӣ, таъмини ҳуқуқҳои одамони гирифтори бемории ВИЧ, сил, гепатитҳои вирусӣ ва васеъ намудани дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои тиббию иҷтимоӣ иштирок менамояд.

  • ШАХОДАТНОМА дар бораи аз нав бақайдгирии давлатии иттиҳодияи ҷамъиятӣ

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

11.12.2019
USDUSD9.69TJSTJS
EUREUR10.74TJSTJS
RUBRUB0.15TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1705
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 364
    Оиди бемории сил
  • 662
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 398
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 241
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2019 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov