Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Вазифа

«Афиф» ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии башардӯстона буда, фаъолияти худро ба беҳтар намудани саломатӣ ва некуаҳволии инсон тавассути амалисозии фаъолиятҳои тиббию психологӣ, иҷтимоию маишӣ, ахборотию таълимӣ, ҳимоявию ҳуқуқӣ, илмию тадқиқотӣ, варзишию-саломатӣ, экологӣва ҳивзи табиат равона мекунад.

Ташкилот барои ноил шудан ба ҳадафҳои худ бо роҳи иштирок намудан дар татбиқи стратегияҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, ҳифзи саломатӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҳифзи муҳити зист ва бехатарии экологӣ, таъсис ва пурзӯр намудани ҳамкории шабақавӣ ва бисёрҷониба, дастгирии барономаҳое, ки ба мустаҳкамкунии иқтисодиёт, баланд бардоштани иқтидори ташкилотҳои шарик, маълумотнокӣ ва маърифатнокии аҳолӣ, таъмини ҳуқуқҳои одамони гирифтори ВНМО, бемории сил, гепатитҳои вирусӣ, шахсоне, ки гирифтори тамғазанӣ ва табъизи иҷтимоӣ шудаанд ва васеъ намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ ва иҷтимоӣ равона шудааст, саъю кӯшиш мекунад.




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

16.10.2019
USDUSD9.70TJSTJS
EUREUR10.71TJSTJS
RUBRUB0.15TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1678
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 364
    Оиди бемории сил
  • 662
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 397
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 241
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2019 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov