Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Намояндагии Афиф дар вилояти Хатлон

Таърихи таъсиси Намояндагӣ Афиф дар вилояти Хатлон

Дар соли 2014 фикр оиди таъсиси Намояндагии Афиф дар вилояти Хатлон ба миён омад. Дар он вақт, Ташкилот аллакай таҷрибаи зиёди корӣ оиди баланд бардоштани иқтидори шарикони ташкилот, омӯзиш ва баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии гурӯҳҳои мақсаднок ва баҳрабарандагони барномаҳоро дошт. Аммо зарурият барои ҳаракати нав буда, Ташкилот кӯшиш кард, ки қувваи худро ба пешниҳоди хизматрасониҳои мустақим ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ (ГОА) равона намояд, яъне он корҳое, ки пештар намекард, пешниҳод намояд, аз ҳудуди худ берун баромада, ба сатҳи нави рушди худ гузарад.

Кушодашавии расмии Намояндагӣ дар шаҳри Бохтар 12 июни соли 2014 баргузор гардид. Таъсиси Намояндагӣ дар шаҳри Бохтар имконият дод, ки на танҳо донишҳои назариявӣ, балки таҷрибаҳои беҳтарин дар соҳаи ҳифзи саломатӣ, ҳуқуқ ва манфиатҳои ГОА ва хизматрасониҳои бевосита ба баҳрабардагон пешниҳод намояд.

uslugipredstavitelstvatj

Маълумоти муфассалро дар бораи фаъолияти Намояндагӣ дар ҳисоботҳо, ки дар қисмати сомона "Дар бораи  мо"ҷойгир шудаанд, дастрас кардан мумкин аст http://afif.tj/tg/dar-borai-mo/hisoboti-barnomavi.html

 

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

22.09.2019
USDUSD9.69TJSTJS
EUREUR10.68TJSTJS
RUBRUB0.15TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1678
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 364
    Оиди бемории сил
  • 662
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 392
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 241
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2019 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov