Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Мо чӣ тавр кор мекунем

Фаъолияти ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии Афиф ба кӯмаки имконпазир дар татбиқи барномаҳое, ки ба тарғиботи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ, санитарию гигиенӣ кам кардани таъсири паҳншавии бемориҳои аз ҷиҳати ичтимоӣмухим дар байни гурӯҳҳои осебпазири аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд, равона шудааст.

Сифати фарқкунандаи Афиф ин исботи усули босамари фаъолият дар барномаи кӯмаки иҷтимоӣбарои гурӯҳҳои асосии аҳолӣ, баланд бардоштани сатҳи дониши мутахассисон ва истифодаи технологияҳои коммуникатсионии замонавӣ барои васеъ намудани дастрасии аҳолӣба маълумоти илмии асоснокшуда ва машварати электронӣ мебошад.

Дар ҳамкорӣ бо шарикони асосӣ дар симои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Афиф кӯшишҳои худро ба масъалаҳои зерин равона менамояд:

  • Ташкил ва рушди стратегияи муштарак оид ба мубориза бо паҳншавии бемориҳои сироятии аз ҷиҳати ичтимоӣ муҳим ва ба таҳкими минбаъдаи иқтидори системаи тандурустии мавҷудбуда дар татбиқи ҷавобҳои ҳамоҳангшуда ба афзоиши эпидемияи бемориҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Баланд бардоштани маълумотнокии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣдар бораи мушкилотҳои иҷтимоию тиббӣ вобаста ба истифодаи маводи мухаддир, ВНМО, сил, санитарию гигиенӣ, ва дигар бемориҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ муҳим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таъмини хизматрасониҳои муттасил дар соҳаи тандурустӣ, пешгирӣ ва нигохубини ҳангоми бемориҳои сироятӣ дар байни аҳолие, ки таҷрибаи рафтори хатарнок доранд: истифодабарандагони маводи мухаддир, маҳкумшудагон, собиқ маҳкумшудагон, занони осебпазир ва ҷавонон, муҳоҷирони меҳнатӣ ва шахсоне, ки бо ВНМО зиндагӣ мекунанд (минбаъд гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ) дар ҷойҳои амалисозии барномаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Таъмини дастрасии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ба кӯмаки босифати тиббӣ, пешгирӣ, табобат ва дастгирӣ дар давраи табобат.
  • Тадкикотҳои сотсиологӣ, илмӣ ва илмию амалиро дар соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хуқуқи инсон, баробарии гендерӣкоркард, ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ менамояд;
  • Барномаю лоиҳаҳои хайриявиро дар самтҳои пешгирии нашъамандӣ, паҳн намудани ВНМО, бемории сил, сироятҳои таввасути алоқаи чинсӣинтиқолшаванда (САҶИ), гепатитҳо ва дигар бемориҳои сироятӣ коркард ва амалӣ менамояд;
  • Чорабиниҳои фароатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар чорабиниҳои оммавиро ташкил менамояд;
  • Барои ноил шудан ба максадҳои Ташкилот семинарҳо, конференсияҳо, тренингҳо ва дигар чорабиниҳоро дар доираи барнома ва лоиҳаҳо ташкил менамояд;
  • Ба беҳтар намудани стандартҳои таълимӣ ва такмили ихтисос дар соҳаҳои тандурустӣ, тиб, иҷтимоӣ, пешгирикунанда, машваратдиҳӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои вобаста ба ин фаъолият мусоидат мекунад.

Бо мақсади мусоидат дар ноил шудан ба мақсадҳои барномаҳои миллии соҳаи тандурустии чамъиятӣ, Афиф мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятҳои зеринро амалӣ менамояд: 

  • Ҳамкориро бо сохторҳои миллии давлатӣ, муассисаҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки дар самти тандурустии ҷамъиятӣфаъолият менамоянд, вусъат медиҳад;
  • Тадкикотҳои сотсиологӣ, илмӣ ва илмию амалиро дар соҳаҳои тандурустӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ хуқуқи инсон, баробарии гендерӣкоркард, ҳамоҳангсозӣ ва амалӣ менамояд;
  • Барномаю лоиҳаҳои хайриявиро дар самтҳои пешгирии нашъамандӣ, паҳн намудани ВНМО, бемории сил, сироятҳои таввасути алоқаи чинсӣинтиқолшаванда (САҶИ), гепатитҳо ва дигар бемориҳои сироятӣ коркард ва амалӣ менамояд;
  • Чорабиниҳои фароатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва дигар чорабиниҳои оммавиро ташкил менамояд;
  • Барои ноил шудан ба максадҳои Ташкилот семинарҳо, конференсияҳо, тренингҳо ва дигар чорабиниҳоро дар доираи барнома ва лоиҳаҳо ташкил менамояд;
  • Ба беҳтар намудани стандартҳои таълимӣ ва такмили ихтисос дар соҳаҳои тандурустӣ, тиб, иҷтимоӣ, пешгирикунанда, машваратдиҳӣ ва амалӣ намудани лоиҳаҳои вобаста ба ин фаъолият мусоидат мекунад.



Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

19.08.2019
USDUSD9.44TJSTJS
EUREUR10.46TJSTJS
RUBRUB0.14TJSTJS

Меҳдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1674
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 364
    Оиди бемории сил
  • 660
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 392
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 233
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2019 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov