Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом акаи умед! Вакте инсон ба вируси ВНМО гирифтор мешавад дар авали моҳ кадом нишонаҳо да у пайдо мешаван??Илтимос дар ин бора каме сода карда маълумот медодед.

Салом. Нишонаҳои аввалини сирояти ВНМО метавонанд баъд аз 5-30 рузи сироятшави ба монанди зуком ё дигар сироятҳои шадиди роҳҳои нафас, ва аксар вақт ба монанди мононуклеози сирояти сар шавад. Ин давра давраи шадиди сирояти ВНМО ном дошта метавонад то 3-4 хафта давом кунад. Дар ин давра ташхиси ВНМО гузоштан душвор аст, чунки дар ин давра антителаҳо дар хун пайдо нашудаанд ва тестҳо манфи нишон медиҳанд. Инчунин нишонаҳои давраи шадиди ВНМО на чандон вазнин мегузарад ва беморон ба духтур муроҷиат намекунанд. Ин давра на дар ҳама шахсони гирифтори ВНМО пайдо мешавад, ва баъд аз он бемори ба давраи бенишонаги мегузарад, то он даме, ки масуният паст шуда бемориҳои оппортунисти авҷ нагиранд. 

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.