Салом!
Бемории хламидиоз ҳамчун бемории сироятӣ метавонад хавф дошта бошад, чунки ҳангоми табобат накардан оризаҳои (осложнение) он пайдо мешаванду хавфноканд.
Ҳангоми бемории хламидиоз - занҳо аз рафтани тарашшӯҳи луобии тобиши зардчатобдошта шикоят мекунанд, ки аз тарашшўҳи муқаррарӣ бо бӯйи хосаш фарқ мекунад. Дар мардҳо ҳангоми бемории хламидиоз - илтиҳоби дурударози мезароҳа, ки онро сӯзишу хориш ҳамроҳӣ менамоянд, мушоҳида карда мешавад.
Бемории хламидиоз аз ВНМО фарқ мекунад. Метавонед, ки дар як Озмоишгоҳ (агар ҳам хламидия ва ҳам ВНМО-ро дида тавонанд) аз ташхис барои хламидия ва ВНМО гузаред.
Бо эҳтиром,
табиб Разоқов Ҳ.О.
1. Бемории хламидиоз ҳамчун бемории сироятӣ метавонад хавф дошта
бошад, чунки ҳангоми табобат накардан оризаҳои (осложнение) он пайдо
мешаванду хавфноканд.