Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди САҶИ ва бемории пуст

Салом ака, илтимос ҳами саволи маро ҷавоб тиен, бемории сифлис аз шахси сироят ёфта ба инсони солим чи гуна мегузарад ва чи нишонаҳо дорад?

Салом!

Сифилис-ин бемории венерикӣ ё зӯҳравӣ мебошад, ин бемории умумии сироятнокест, ки тавассути трепонемаи сафед (спирохета) пайдо мешавад ва дар сурати табобат накардан ҷараёнаш музмин ва такроршаванда мегардад, метавонад, ки тамоми узвҳо ва системаҳои организми беморро фаро гирад.                                                                                                                          

  • Роҳҳои гузариши асосӣ:                                                                                                                                            
  • бо роҳи алоқаи ҷинсии беистифодаи рифола;                                                                                                        
  • бо роҳи хун                                                                                                                                                                          
  • вертикалӣ (аз модар ба кӯдак)
  • сироятёбии ғайриҷинсӣ ҳангоми бӯсидан,агар дар даҳони бемор захмҳои сифилитикӣ ҷой дошта дошанд.                                                                                                                                                                                                                        
  • бо роҳи профессионалӣ;
  • бо роҳи маиши (ҳаётӣ) -ҳангоми истифодаи лавозимоти ошхонагӣ, шёткаи дандоншӯӣ, риштарошак ва ғайра.
    • Аломатҳои оташак (сифилис) хеле гуногун мебошанд. Онҳо вобаста аз давраи беморӣ тағйир меёбанд. Се давраи бемории оташакро фарқ мекунанд:
  • Оташаки (сифилис) ибтидоӣ пас аз хотимаёбии давраи ноаёнӣ ба вуҷуд меояд. Дар ҷои ба организм роҳёфтаи барангезанда (узвҳои таносул, пардаи луобии даҳон ва ё рострӯда) захми бедарди решааш ғавс пайдо мешавад (сӯзоки сахт). Пас аз 1-2 ҳафтаи баъди пайдоиши захм ғадудҳои сафроӣ дар атрофи он варам мекунанд (ҳангоми паҳншавии захм дар даҳон варами ғадудҳои сафроии зери ҷоғ ва осебёбии узвҳои таносул - ғадудҳои сафроии қадкашак дида мешавад). Захм (сӯзоки сахт) дар давоми 3-6 ҳафтаи пайдоиш мустақилона сиҳат мешавад.
  • Оташаки такрорӣ дар фосилаи 4-10 ҳафта пас аз пайдоиши захм (2-4 моҳ пас аз сироятшавӣ) ба вуҷуд меояд. Вай дорои хусусияти дамидани доначаҳои мутаносиби тиратоб дар тамоми бадан мебошад, аз ҷула дар кафи дастон ва кафи пойҳо. Ба пайдоиши доначаҳо бисёр вақт дарди сар, беҳолӣ, баландшавии ҳарорати бадан (мисли зуком) ҳамроҳ мешавад. Ғадудҳои сафроӣ дар тамоми бадан варам мекунанд. Оташаки такрорӣ дар шакли паи ҳам ивазшавии хуруҷ ва ифоқат (давраҳои гузариши бе аломат) ҷараён мегирад. Ҳамзамон рехтани мӯи сар эҳтимол дошта, дар узвҳои таносул ва дар атрофи мақъад пайдоиши доначаҳои ҳамранги бадан ба назар мерасад (кондиломаҳо).
  • Оташаки сеюмкарата ҳангоми мавҷуд набудани табобат дар мурури солҳои зиёди сироятшавӣ пайдо мешавад. Ҳамзамон системаи асаб (аз он ҷумла майнаи сар ва ҳароммағз), устухонҳо ва узвҳои дохила (аз он ҷумла дил, ҷигар ва ҳоказо) осеб меёбанд. Ҳангоми сироятшавӣ дар вақти ҳомиладорӣ сирояти оташаки модарзодии навзод эҳтимол дорад.

Бо эҳтиром,

Ҳамро Разоқов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

17.07.2019
USDUSD9.44TJSTJS
EUREUR10.59TJSTJS
RUBRUB0.15TJSTJS

Меҳдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъо:

  • 1674
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 364
    Оиди бемории сил
  • 660
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 392
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 233
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2019 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov