Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди равоншиносӣ

Салом. Аз шумо хоҳиш дорам ба ман оиди маслиҳат барои нигоҳ доштани муносибати хуб бо одамон нависед. Ташаккури зиёд.

Салом Умед.
Чӣ хел бо дигарон дар хона, дар ҷойи кор ва бо дӯстон муносибати хуб дошта метавонем. Биёед якчанд маслиҳатҳои бохирадонаро, ки бисёр одамон ба кор бурда муваффақ гаштанд, дида бароем.
Бахшанда бошед
«Агар касе барои аз дигаре шикоят кардан сабаб дошта бошад... якдигарро аз таҳти дил бахшед». Ҳамаи мо хато мекунем. Баъзан мо дигаронро меранҷонем ё дигарон моро меранҷонанд. Барои ҳамин мо муҳтоҷем, ки дигарон моро бахшанд ва мо дигаронро. Баъди он ки мо шахсро мебахшем, дигар дар бораи ӯ фикрҳои бад намекунем. Мо «дар ивази бадӣ бадӣ» намекунем ва гаштаю баргашта хатои шахсро хотиррасон наменамоем. Лекин, агар сухану рафтори касе ба мо сахт расида бошаду он аз дилу фикрамон наравад-чӣ? Он гоҳ мо бояд бо шахс дар танҳоӣ ва эҳтиромона гап занем. Мақсади мо набояд исбот кардани рафтори нодурусти каси дигар, балки барқарор кардани сулҳ бошад.
Фурӯтан ва боэҳтиром бошед
«Хоксорона дигаронро аз худ боло донед». Агар мо фурӯтану боэҳтиром бошем, ба одамон бо мо будан маъқул аст. Онҳо медонанд, ки мо бо онҳо меҳрубон, бомулоҳиза хоҳем буд ва дидаю дониста онҳоро хафа намекунем. Вале, агар мо худро аз дигарон боло гирем ё ҳама вақт ду пойро дар як мӯза монда, талаб кунем, ки хости мо шавад, мо сабабгори ҷангу ҷидол мешавем ва дигаронро дар хиҷолат мегузорем. Агар мо ин хел кунем, одамон худашонро аз мо дур мекашанд ва дӯстони мо кам мешаванд ё ки мо тани танҳо мемонем.
Ҳамаро бо як чашм бинед
Мо набояд одамонро аз рӯйи миллат, забон, мақому мартаба ё ранги пӯсташон маъқул кунем. Аз ин бармеояд, ки тамоми одамизод бародару хоҳаранд. Вақте мо бо ҳар як кас бо меҳрубонӣ ва эҳтиром муносибат мекунем, мо онҳоро хушбахт мегардонем, худамон бошем, хушбахттар мешавем. Нармдил бошед Нармдилиро «мисли либос бипӯшед». Агар мо нармдил бошем, дигарон худро бо мо озод ҳис мекунанд. Онҳо бо мо бемалол суҳбат мекунанд ва ҳатто моро ислоҳ менамоянд, зеро медонанд, ки мо ором мемонем. Вақте ғазаби касе нисбати мо бедор мешавад, аз ҷавоби нарми мо, эҳтимол, ӯ ором шавад. Дар Панднома чунин гуфта шудааст: «Ҷавоби нарм хашмро паст мекунад, гапи сахт касро ба қаҳр меорад».
Саховатманд ва миннатдор бошед 
«Додан аз гирифтан хушбахтии бештар меорад». Имрӯзҳо бисёри одамон чашмгуруснаанд ва танҳо дар бораи худ фикр мекунанд. Лекин, агар мо саховатманд бошем, хушбахтии бештар ҳис мекунем. Одамони дасткушод хушбахтанд, чунки барои онҳо одамон назар ба чизу чора қадри баланд доранд. Муҳаббат ба одамон онҳоро бармеангезад, ки сипосгузор бошанд ва, вақте ки касе ба онҳо саховатмандӣ нишон медиҳад, миннатдорӣ баён кунанд.
Аз худ пурсед: «Оё ба ман бо одамони хасис ва ношукр будан маъқул аст ё бо одамони саховатманд ва миннатдор?» Мо аз ин чӣ меомӯзем? Чӣ гуна одамонро дидан хоҳед, худатон ҳамин хел бошед! Акнун ман фикр намекунам, ки аз дигарон беҳтарам. Чунки гуфта шудааст: «Ба дигарон чун ба худатон муносибат кунед... Дар назари худ доно набошед».  Ин маслиҳат ёрдам мекунад, ки бар ғурур ғолиб оем ва ба дигарон бо назари паст нигоҳ накунем. Дигар фикр намекунем, ки халқи ман аз дигар халқҳо беҳтар аст ва ба одамоне, ки динашон дигар аст, бо назари паст нигоҳ намекунем. Инчунин мо бештар одамдӯст шудем ва муомилаамон бо дигарон хубтар шуд.

Бо эҳтиром Ризвона


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.