Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

13-14 марти соли 2014, дар шаҳри Душанбе тренинги «Пайрави ба табобати зиддиретровирусӣ (ТЗР), нигоҳубин ва дастгирӣ ҳангоми сирояти ВНМО» баргузор гардид, ки бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ

13-14 марти соли 2014, дар шаҳри Душанбе тренинги «Пайрави ба табобати зиддиретровирусӣ (ТЗР), нигоҳубин ва дастгирӣ ҳангоми сирояти ВНМО» баргузор гардид,  ки  бо ташаббуси  Ташкилоти ҷамъиятии  ҷумҳуриявии «СПИД Фонд Шарқу Ғарб – Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Маркази чумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди СПИД Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Дар  тренинг  20 нафар корманд аз 11 ташкилотҳои ҷамъиятии 5 ноҳияхои кишвар иштирок намуданд. Хеле муҳим аст,  ки дар тренинг 2 нафар намояндаи хадамоти тиббӣ (Марказҳои мубориза бар зидди бемории сил ва СПИД) низ иштирок намуданд.  Мақсад аз тренинги мазкур омӯзонидани донишу малакаи машваратдиҳӣ ҳангоми гирифторӣ ба сирояти ВНМО, пайрави ба табобати зиддиретровирусӣ, нигоҳубин ва дастгирӣ мебошад.

Рӯзи аввали тренинг ба муҳокимаи чунин масъалаҳои муҳим бахшида шуд, мисли системаи масуният, вазифаҳои он ва давраи қобили фаъолияти ВНМО бе табобат, мақсад ва принсипҳои табобати зиддиретровирусӣ (ТЗР),  гурӯҳҳои  асосии доруҳои зиддиретровирусӣ, омилҳои таъин кардани табобати зиддиретровирусӣ, усулҳои дастгирӣ кардани  пайравӣ, таъсири манфии табобат бо доруҳои  зиддиретровирусӣ, кўмаки иҷтимоии табобати зиддиретровирусӣ.   Ҳамаи мавзӯъҳо на танҳо дар шакли намоиши мултимедиа, муҳосираи зеҳнӣ, балки намоиши фаъоли амалӣ доир ба ин мавзӯъҳо  пешниҳод карда шуданд.  

Таркиби машварат оид ба масъалаҳои  ҳавасмандӣ нисбати муолиҷаи  ЗРВ, малакаҳои машваратчӣ, шахсият ва хусусиятҳои инфиродии машваратчӣ, фароҳам овардани шароит барои  машварат дар рӯзи дуюми тренинг мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Ҳангоми баррасии масъалаҳои мазкур усули фаъоли ҳамкории иштирокчиён– кори дукаса ва кор дар гурӯҳҳо  истифода карда шуд.

 «Тренинги мазкур, бешубҳа, савияи дониши маро  оид ба ҳавасмандӣ нисбати муолиҷаи ЗРВ (АРВ)  баланд бардошт, – таасуроти худро чунин баён мекунад яке иштирокчиёни  тренинг. – Ин ба як қатор омилҳои муҳим мусоидат намуд – корозмудагии  баланди  тренерони МҶ СПИД, гуногуншаклии пешниҳоди мавод, муҳити осудаи дӯстона, ки дар тӯли тренинги дурӯза ҳукмфармо буд. Мо мавзӯҳои сершуморро мавриди баррасӣқарор додем, аз он ҷумла чунин як мавзӯи мубрами рӯз, мисли ташаккулёбии  ҳавасмандӣ нисбати муолиҷаи ЗРВ,  шартҳои всуъатёбии муќовимат ва кумаки иҷтимоӣҳангоми  сирояти ВНМО. Умед дорам, ки  дониши азхуднамудаам дар фаъолияти оянда ба ман кӯмак мерасонанд».

Тренинг  дар доираи лоиҳаҳои «Мустањкамкунии шароити мусоид ва васеъ намудани миќёси чорабинихои профилактики, табобат ва нигохубин барои нигох доштани пахншавии эпидемияи ВНМО дар Чумхурии Точикистон», ки аз ҷониби Хазинаи глобалии мубориза бар зидди СПИД, сил ва вараҷа  сармоягузорӣ мешавад,  инчунин «Коҳиши норасоӣ дар соҳаи саломатӣ ва ҳуқуқ барои гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ»,  ки аз ҷониби Вазорати корњои хоричии Нидердландия сармоягузорӣ мешавад, гузаронида шуд.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 2595
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 642
    Оиди бемории сил
  • 811
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 407
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 928
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 444
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 599
    Оиди бемориҳои занона
  • 170
    Оиди равоншиносӣ
  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.