Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Оиди ВНМО/БПНМ

Салом алейкум. Нишонаҳои ВНМО чи хели мебошанд? Шахсе, ки масунияташ паст бошад, чанд сол зиндагӣ мекунад?

Салом алейкум.

Аломатҳои бемории ВНМО вобаста ба масунияти инсон мебошад. Дар натиҷаи паст шудани масуният дар ҳар шахс аломатҳои гуногун пайдо мешаванд. Аз ҷумла, дар қисме одамон бемориҳои гуногун авҷ мегиранд, аз қабили бемории сил, пневмонияи пневмосисти ё бактериалии вазнин, ситомегаловирус, токсоплазмоз ва дигарон. Дар қисме одамон метавонад дигар нишонаҳо, ба монанди логари, таби баланди дарозмуддат, дарунравии дарозмуддат ва гайра. Дар кудакони хурдсолу навзод бошад ин нишонаҳо метавонанд зудтар пайдо шуда ба ҳолатҳои вазнин оварда расонанд. Дар ҳолати яке аз ин нишонаҳо пайдо шудан ҳатман оиди ВНМО таҳлили хун бояд гузаронида шавад, чунки ташхиси ВНМО танҳо дар асоси таҳлили хун гузошта мешавад.

Шахсе, ки гирифтори ВНМО аст, агар табобати зиддиретровируси (ТЗРВ) қабул накунад, пас давомнокии умри ӯ ба ҳисоби миёна 10-12 сол мебошад. Агар ТЗРВ қабул кунад, пас давомнокии умраш ба монанди дигар шахсони бе ВНМО мебошад.   

Бо эҳтиром,
Умед Талбов


Бозгашт ба саҳифаи саволҳо

Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2024 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.