Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

ТҶҶ "Афиф» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти хадамоти тавонбахшӣ дар системаи тандурустӣ» маблағгузорӣ карда мешавад

logo usaid       logoUCP     logoafif1

 

ТҶҶ "Афиф» дар доираи лоиҳаи «Тақвияти хадамоти тавонбахшӣ дар системаи тандурустӣ» маблағгузорӣ карда мешавад

Бо роҳандозии UCP Wheels for Humanity Чархҳо барои инсоният бо дастгирии Ассотсиатсияи табибони тандармони Украина (UAPT), Ассотсиатсияи миллии маъюбони Украина (NAPD), Конфедератсияи ҷаҳонии табибони тандармон (WCPT) ва МД «Коллеҷи тиббии ҷумҳуриявӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон (RMC) бо маблағгузории лоиҳаи USAID оид ба “Мустаҳкамгардонии хизматрасониҳои тавонбахшӣ дар системаҳои тандурустӣ” (МХТСТ) ба тақвияти системаҳои пешниҳоди хидматрасонӣ дар Украина ва Тоҷикистон тавассути саҳмгузорӣ дар таҳияи чорчӯбаи сиёсатгузорӣ ва заминаи меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар таҷрибаи амалии санҷидашудаи беморхонаҳои маҳаллӣ асос ёфтааст; дастгирии касбикунонии тавонбахшии тандармонӣ (ТТ); баланд бардоштани сатҳи иттилоот оид ба аҳамияти тавонбахшӣ ба сифати зиндагӣ. Дар ниҳоят, лоиҳаи МХТСТ малакаи пешниҳодкунандагони хизматрасониҳои тавонбахширо дар ду кишвар тақвият бахшида, шахсони алоҳида ва мутахассисони соҳаи тибро бо чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани иттилооти онҳо ва  афзоиши талабот ба хизматрасониҳои тавонбахшӣ афзоиш медиҳад.

Мақсадҳои лоиҳа:

1. Хизматрасониҳои маҷмӯии мустақар/системаҳо тавассути муносибатҳои шарикӣ ва ҳамкориҳо бо ҷонибҳои манфиатдор коркардшуда.

2. Тавсеаи дастрасӣ ба хизматрасониҳои сифатноки тавонбахшӣ, аз ҷумла ба технологияҳои ёрирасон/ассистивӣ барои зиндамондагони муноқишаҳо, инчунин дигар шахсони ниёзманд ба чунин хизматрасониҳо.

Вазифаҳо:

1. Дастгирии таҳияи асосҳои сиёсати тавонбахшӣ бо роҳи пилотикунонии протоколҳо ва кӯмак ба ҷалби ҷонибҳои манфиатдор.

1.1.Мустаҳкамкунии иқтидори кадрии тавонбахшӣ бо роҳи дастгирии ислоҳоти омӯзиш дар Украина ва Тоҷикистон.

2. Таъсиси талабот ба хизматрасониҳои тавонбахшӣ.

2.1.Таъсиси шабакаҳои бозирсол ба хадамотҳои тавонбахшӣ/технологияҳои ёрирасон/ассистивӣ.

Наҳши ТҶҶ Афиф дар татбиқи лоиҳа

Дар Тоҷикистон, ТҶҶ Афиф UCPW-ро дар амалисозии чорабиниҳо оид ба таҳияи барномаи таълимӣ дар сатҳи ибтидоии касбӣ, инчунин баланд бардоштани маҳорати клиникии омӯзгорон ва мутахассисони соҳаи тавонбахшӣ дастгирӣ мекунад.

______________________________________________________________________________________________

Ташкилоти “Иттиҳоди шахсони дорои фалаҷи мағзӣ Чархҳо барои инсоният” (UCP Wheels for Humanity) соли 1996 бо мақсади баланд бардоштани дастрасии кӯдакон ва калонсолони дорои маълулияти ҷисмонӣ, ки дар кишварҳои камдаромад ва даромадашон миёна зиндагӣ мекунанд, таъсис дода шудааст. UCP Wheels for Humanity ба маъюбон пешниҳоди аробачаҳои муҷаҳҳази мувофиқ ва хизматрасониҳоро таъмин мекунад, инчунин ба ҳайси ҳомӣ ва шарик дар самти баланд бардоштани иқтидорҳои ташкилотҳои маҳаллӣ бо роҳи ташкили системаҳои устувори нигоҳдорандаи тағйиротҳои дарозмуддат ташаббускор аст.

 




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

10.12.2019
USDUSD9.69TJSTJS
EUREUR10.73TJSTJS
RUBRUB0.15TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1705
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 364
    Оиди бемории сил
  • 662
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 398
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 712
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 330
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 241
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
© 2013 - 2019 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov