Хуш омадед ба сомонаи www.afif.tj – портали иттилоотии тиббӣ, ки дар он Шумо метавонед иттилооти лозимаро оид ба ВНМО/БПНМ, ҳепатитҳои вирусӣ, бемории сил, вобастагӣ аз нашъамандӣ, сироятҳои тавассути алоқаи ҷинсӣ интиқолёбанда (САҶИ) ва бемориҳои пӯст дастрас намоед.

Лоиҳаи USAID бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабиниҳо баргузор мекунад

Logo USAID Tajik      logoafifPNG

 

 

 

 

Лоиҳаи USAID бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил чорабиниҳо баргузор менамояд

 

Аз 4 то 19 марти соли 2021 бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо бемории сил ва дар доираи лоиҳаи USAID "Пешгирӣ ва табобати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ" ТҶҶ “Афиф” дар ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои иттилоотию маърифатӣ баргузор менамояд.

Зимни чорабиниҳо, ки дар 10 муассисаи ислоҳии кишвар баргузор мегарданд, силшиносон аз марказҳои вилоятӣ ва шаҳрии мубориза бо сил, кормандони тиббии муассисаҳои ислоҳӣ ва кормандони иҷтимоии лоиҳа ба бошандагони муассисаҳои ислоҳӣ дар бораи аломатҳои асосии бемории сил, пешгирии он, чораҳои бехатарӣ ва аҳамияти гирифтани табобати пурра маълумот медиҳанд. Дар фарҷоми чорабиниҳои иттилоотӣ иштирокчиён аз пурсишномаи бемории сил гузашта, дар озмуни суолу ҷавоб оид ба бемории сил иштирок мекунанд ва ғолибони озмун соҳиби тӯҳфаҳо мегарданд.

Мақсади асосии лоиҳаи USAID «Пешгирӣ ва табобати бемории сил дар муассисаҳои ислоҳӣ» ин сафарбаркунии имкониятҳои соҳаҳои тандурустии муассисаҳои ислоҳӣ ва шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ барои татбиқи системаи устувори ташхиси барвақтии бемории сил, табобати саривақтӣ ва дастгирӣ дар пайравии табобати бемории сил, бемории сили ба дорувор устувор ва сил/ВНМО дар байни маҳбусон ва маҳбусони озодшуда мебошад.

InfoPS1




Саволҳо ва ҷавобҳо

Мушовирони мо

Қурби асъор аз БМТ

18.04.2021
USDUSD11.32TJSTJS
EUREUR13.57TJSTJS
RUBRUB0.15TJSTJS

Миқдори ҷавобҳои пешниҳодшуда нисбат ба мавзуъҳо:

  • 1875
    Оиди ВНМО/БПНМ
  • 430
    Оиди бемории сил
  • 684
    Оиди ҳепатитҳои вирусӣ
  • 401
    Оиди вобастаги аз нашъаманди
  • 748
    Оиди САҶИ ва бемории пуст
  • 333
    Оиди масъалаҳои ҳуқукӣ
  • 342
    Оиди бемориҳои занона
  • 137
    Оиди бемориҳои кӯдакона
  • usaid russ
  • logo spirit america  afif
  • OSI russ
© 2013 - 2021 ТҶҶ «Афиф»
Маъмурияти сомона ба Шумо хизматрасониҳое, ки дар доираи шартҳои Низомномаи мазкур дарҷ ёфтааст, пешниҳод менамояд. Ҳама маводҳои дар сомонаи www.afif.tj нашр шуда танҳо хусусиятҳои иттилоотӣ доранд. АФИФ, ки доранда ва ташкилкунандаи сомонаи мазкур мебошад, барои истифодаи маводҳое, ки дар манбаъаи иттилоотии сомона пешниҳод шудааст, ҷавобгарӣ надорад. Тавсияҳои мутахассисони тиббӣ ва коршиносон, ки дар сомонаи мазкур ҷойгир шудаанд, таъиноти духтур шуморида намешаванд. Меҳмонони сомона ҳамаи хатарҳоро вобаста ба истифодаи маълумот ва тавсияҳои коршиносон ба зиммаи худ қабул менамоянд. Ҷавобгарӣ барои оқибатҳое, ки бевосита ё бавоситаи истифодабарии иттилоот ё тавсияҳое, ки дар сомонаи www.afif.tj ҷойгир шудаанд, ба вуҷуд омадаанд, дар ҳеҷ як ҳолат ва шароит ба зиммаи доранда ва ташкилкунандагони сомона гузошта намешавад ва асос барои таъқиботи судӣ шуда наметавонад. Маъмурияти сомона ҷавобгарӣ барои ташриф ва аз ҷониби меҳмон истифодаи захираҳои беруна ва пайвандҳо, ки дар сомона ҷойгир шудаанд, надорад. Маводҳои сомона танҳо барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ истифода бурда мешаванд ва бо ин сабаб истифодаи тиҷоратии онҳо манъ аст.
Development by: UmedSharipov